То ба имрӯз 61 ширкатҳои ватании содиркунанда ба қайд гирифта шуда, содироти ин ширкатҳо бо истифода аз Тиҷорати электронии REX ба роҳ монда шудааст.
Аз ҷониби ширкатҳои мазкур ба маблағи 19 млн 317 ҳазор доллар маҳсулот содирот карда шудааст. – иттилоъ дод ҳамкорамон Парвина Самандарзода аз ҷараёни нишасти матбуотии Агентии содироти назди Ҳукумати ҶТ .
Ба иттилои манбаъ пешбурди Низоми мазкур аз ҷониби Агентӣ ройгон ба роҳ монда шудааст, ки бақайдгирии содироткунандагон тариқи электронӣ амалӣ мегардад. Гуфта шуд, ки дар давоми шаш моҳ аз қаламрави кишвар ба хориҷи мамлакат дар ҳаҷми 1 млну 203 ҳазор доллар ё ин 19,5 млн дона тухми паранда содирот шудааст.
Ҳамзамон зикр гардид, ки ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ якҷо бо барқ 1180,3 млн долларро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта фоизи баландтарро доро мебошад.