3 августи соли равон дар Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” маросими супоридани контейнери тиббӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Корея ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин чорабинӣ муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, роҳбари гурӯҳи байнипарлумонии Тоҷикистон ва Япония Кейҷи Фуруйа, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Япония дар Тоҷикистон Аики Тосихиро, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшо Гулзода ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
“Маросими имрӯзаи мо ба кушодашавии нуқтаи Низоми мобилии томографияи компютерӣ равона шудааст ва бо дастгирии Академияи байналмилалии Япония оид ба технологияҳои радиологӣ баргузор мегардад. Шарики иқдоми мазкур ширкати Сансэй мебошад, ки яке аз машҳуртарин ширкатҳои Япония ба ҳисоб рафта, барои гузаронидани амалиётҳои тиббӣ контейнери тиббиро бо томографи компютерӣ пешниҳод намудааст”,-иброз доштааст Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Япония дар Тоҷикистон Аики Тосихиро.
Зимни суханрониҳои хеш меҳмонон низ аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари Япония изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии хешро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо иброз намуданд.
Гуфта мешавад, ки давоми солҳои 2022-2023 тамоми чорабиниҳо барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузаштани ташхиси томографияи компютерӣ ва дар ин раванд омӯзонидани мутахассисон оид ба истифодаи таҷҳизоти муосири баландихтисоси тиббӣ ройгон ба роҳ монда мешавад.