Ҳамлагари ҷавони бошгоҳи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Рустам Соиров, фаъолияти футболбозиашро дар кишвари Эстония идома медиҳад.
Футболбоз бо қаҳрамони 10-каратаи Эстония дастаи «Левадия» ба муҳлати 3-сол шартнома ба имзо расонид.
Рустам Соиров пас аз ба даст овардани раводиди корӣ, ба маҳалли ҷойгиршавии бошгоҳи «Левадия» ҳозир мегардад.