Суръати рушди ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор дар 6 моҳаи аввали соли равон 102,9 фоиз таъмин гардида, заминаи таъмини пешрафти устувори иқтисодӣ гузошта шуда истодааст.
Дар ин маврид ҳамкорамон Малоҳат Тоҳирова дар такя ба маълумоти раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар аз ҷараёни нишасти матбуотӣ хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ ин нишондиҳанда дар соҳаи саноат 110,7 фоиз, кишоварзӣ 103 фоиз, савдо 101,4 фоиз, хизматрасонӣ 103,7 фоиз ва соҳаи сохтмон 90 фоизро ташкил додааст.