Шурӯъ аз 4 то 7 август дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Нур-Султон Чемпионати Осиё оид ба ҷудо баргузор мешавад.
Дар Чемпионати Осиё 180 варзишгар (104 мард, 76 зан) аз 19 кишвари қора ширкат мекунанд, хабар медиҳад Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF).
Гуфта мешавад, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 варзишгар: Муҳаммад Маҳмадизода (-60кг), Шаҳбоз Саидаброров (-66 кг), Беҳруз Хоҷазода (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Шодмон Ризоев (-81 кг), Комроншоҳ Устопириён (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг), Абубакри Акобир (-100 кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) намояндагӣ мекунад.
“Дар аввал чемпионат ба нақша гирифта нашуда буд, вале пас аз он ки Бозиҳои Осиё ба таъхир афтод, Иттиҳоди ҷудои Осиё тасмим гирифт, чорабиниро баргузор кунад”, – афзуданд аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Қобили зикр аст, ки варзишгарони кишвар дар чемпионатҳои ҷудои Осиё дар давраи соҳибистиқлолӣ ҳамагӣ 20 медал – 2 тилло, 8 нуқра, 10 биринҷӣ ба даст овардаанд.
Ҳар ду медали тилло ба Комроншоҳ Устопириён мансуб аст. Ӯ ҳамчунин як медали нуқра ва ду биринҷӣ дорад. Расул Боқиев 1 нуқра, 2 биринҷӣ, Парвиз Собиров 1 нуқра, 1 биринҷӣ, Темур Раҳимов 1 нуқра, 1 биринҷӣ, Алишер Боқиев, Шералӣ Бозоров, Неъматулло Арслонқулов, Сомон Маҳмадбеков яктоӣ медали нуқра, Саидаҳтам Раҳимов, Нурулло Лоиқов, Рауф Ҳукуматов, Саидҷалол Саидов яктоӣ соҳиби медали биринҷӣ мебошанд.