Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ 80 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 42,0 млрд. сомонӣ амалӣ гардида истода, азхудкунии маблағҳо 2,2 млрд. сомониро ташкил дод.
Ин нуктаро раиси Кумитаи мазкур Саъдӣ Қодирзода зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО-и дохилу хориҷи кишвар иттилоъ дод. Ба зикри мавсуф барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаи маориф, кишоварзи тандурустӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва энергетика бо шарикони рушд 8-созишномаи молиявии нав ба маблағи умумии 243,9 млн. доллар ба имзо расонида шуд.
Ҳамзамон аз ҷониби масъулини ин ниҳод таъкид гардид, ки дар шаш моҳи аввали соли равон барои маблағгузории иловагии лоиҳаҳои обтаъминкунии устувор, устувории шабакаҳои роҳҳо, барномаи рушди соҳаи энергетика ва идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ дар ҳаҷмии 150,0 млрд. доллар корбарӣ шуда истодааст.
Олуфта Шарипова
радиои “Тоҷикистон”