Тибқи нақшаи кории Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти ҶТ дар нимсолаи якуми соли равон барои муайян намудани сифати таҳсилот ва сатҳи донишазхудкунии хонандагону донишҷӯён дар 515 муассисаи таълимӣ санҷиши сатҳу сифати таҳсилот гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 муассиса зиёд мебошад, зикр гардид имрӯз дар нишасти матбуотии ниҳоди мазкур.
Тибқи иттилои ҳамкорамон Малоҳат Тоҳирова дар такя ба маълумоти роҳбарияти агентӣ натиҷаи санҷишҳо нишон медиҳад, ки сатҳи днишазхудкунии хонандагон дар 471 муассисаҳои таҳсилоти умумии санҷидашудаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 76,8 фоиз ва сифати таҳсилот 32,9 фисад ва дар 14 муассисаҳои ғайридавлатии таълимӣ ва мақоми ҷумҳуриявидоштаи санҷидашуда (литсей ва гимназияҳо) сатҳи донишазхудкунии хонандагон 79,3 фоиз ва сифати таҳсилот 47 фисадро ташкил додааст.
Ҳамчунин, дар 11 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ натиҷаи сифати таҳсилот 24,2 фоиз ва сатҳи донишазхудкунӣ 62 фисад, дар 11 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ сатҳи донишазхудкунии донишҷӯён 65,9 фоиз ва сифати таҳсилот 29,7 фисад, дар 8 муассисаи олии касбӣ донишазхудкунии донишҷуён 68 фоиз ва сифати дониш 32,9 фисадро дар бар мегирад.
Малоҳат Тоҳирова
радиои “Тоҷикистон”