Дар ноҳияи Лахш аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ бунёди 124 иншооти ҳаётан муҳими хоҷагии халқ ба нақша гирифта шуда буд. То имрӯз 102 иншоот сохта, мавриди истифода қарор дода шуда, дар 16 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Аз ҷумла, сохтмони Қасри фарҳанг ва мактаби мусиқӣ, бинои шуъбаи маориф, муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар маҳаллаи навбунёди деҳаи Чорсуи Ҷамоати деҳоти Лахш, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 9, бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Саритал, инчунин кандани чанд чоҳи амудӣ, бунёди бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Муғи Боло ва дигар иншооти хизматрасонӣ идома дорад.
Сокинони ноҳияи Лахш дастаҷамъона дар корҳои созандагӣ саҳм гузошта, барои боз ҳам ободу зебо гардидани ин гӯшаи Ватани азизамон талош мекунанд.
Ҷамшед Раҳимбеков,
ноҳияи Лахш
