Варзишгарони тоҷик дар бозиҳои ҳамбастагии исломӣ ширкат менамоянд

Аз 9-18 август дар шаҳри Қунияи Туркия 5-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ баргузор мешавад.

Дар ин мусобиқа иштироки беш аз 3000-варзишгар аз 57-давлати узви Федератсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ дар назар аст.

Бо қарори Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҳайати олимпии Тоҷикистон иборат аз 64-нафар (47-варзишгар) ба Қуния сафарбар мегарданд.

Дар барномаи бозиҳои мусобиқа 20-намуди варзиш: – варзиши сабук, камонварӣ, баскетбол, бочча, велосипедронӣ, шамшербозӣ, футбол, гимнастика, ҳендбол, ҷудо, каратэ, кикбоксинг, тирпаронии варзишӣ, шиноварӣ, тенниси рӯи миз, таэквандо, волейбол, варзиши вазнин, гуштини варзишӣ ва камонварии анъанавӣ дохил шудааст. Ҳамчунин аз намудҳои тенниси рӯи миз, варзиши сабук, шиноварӣ ва камонварӣ мусобиқаҳо миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд баргузор мешавад.

Варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқа аз рӯи 8-навъи варзиш – варзиши сабук, камонварӣ, ҷудо, каратэ, тенниси рӯи миз, таэквондо, варзиши вазнин ва гуштини варзишӣ ҳунарнамоӣ мекунанд.

Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ аз соли 2005 инҷониб, дар чор сол як маротиба доир мегардад. Варзишгарони тоҷик дар бозиҳо ҳамагии исломӣ 6-медал (як тилло, як нуқра ва 4-биринҷӣ) ба даст овардаанд.

Дар аввалин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки соли 2005 дар Арабистони Саудӣ баргузор гардида буд, Дилшод Назаров дар гурзандозӣ медали тилло ва Насҳиддин Ворисов дар риштаи таэквондо (WT) дар вазни то 54кг медали нуқра ба даст оварданд.

Чор медали дигарро варзишгарони кишвар дар 4-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки моҳи майи соли 2017 дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку баргузор гардида буд, дар варзишҳои зурхонаӣ сазовор шуданд. Наврӯз Арабов дар равияҳои “санг” ва “мили сангин” соҳиби ду медали биринҷӣ шуд. Ду медали дигари биринҷиро Абдуалӣ Назаралӣ дар мусобиқаи “чархи чаманӣ” ва Исмоил Сангов дар “каббода” соҳиб шуданд.

Ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар 5-умин бозиҳои ҳамбастагии исломӣ – 2022:
Намояндагони расмӣ:

  1. Абдуллозода Муҳаммадшо, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон
  2. Салимбекзода Улуғбек, директори Департаменти робитаҳои берунӣ ва кор бо барномаҳои олимпии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон
  3. Собирзода Бахтиёр, директори Департаменти хазинадории Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Варзиши сабук:

  1. Аҳмадиев Илдар (100м; ҷаҳиш ба дарозӣ)
  2. Музрапов Фаворис (100м; 200м)
  3. Пронженко Александр (200м; 400м)
  4. Пронженко Леонид (110м бо монеаҳо; 400м бо монеаҳо)
  5. Саидалиев Салим (ҷаҳиш ба баландӣ; ҷаҳиши секарата)
  6. Негматов Ғайрат – мураббӣ.

Таэквондо:

  1. Ойматова Муниса (-53кг)
  2. Шомаҳмадов Муҳаммадҳасан (-74кг)
  3. Фозилов Исломиддин – мураббӣ.

Каратэ:

  1. Сатторова Санобар (-50кг)
  2. Тешаев Муҳаммад (-60кг)
  3. Фаттоев Асадбек (-75кг)
  4. Раҳимов Фаррухҷон (-84кг)
  5. Доменко Тимур (+84кг)
  6. Бодаков Муҳаммад – мураббӣ
  7. Сафаров Насим – намоянда.

Ҷудо:

  1. Муъминова Аҳлия (-52кг)
  2. Қаландарова Шоҳида (-57кг)
  3. Одинаева Мавлуда (-70кг)
  4. Саидаброров Шаҳбоз (-66кг)
  5. Сарахонов Муҳаммадраҳим (-73кг)
  6. Маҳмадбеков Сомон (-81кг)
  7. Ризоев Шодмон (-81кг)
  8. Устопириён Комроншоҳ (-90кг)
  9. Маҷидов Ҷаҳонгир (-90кг)
  10. Абубакри Акобир (-100кг)
  11. Абдураҳмонов Муҳаммадмурод – мураббӣ
  12. Маҳмадбеков Фотеҳ – мураббӣ
  13. Саидова Шамсия – намоянда.

Варзиши вазнин:

  1. Шукуров Илҳомҷон (81кг).

Тенниси рӯйи миз:

  1. Султонов Убайдулло
  2. Маҳмудов Афзал
  3. Исмоилов Ҷамшед
  4. Исмоилзода Иброҳим
  5. Одинаев Некрӯз
  6. Раҳмонзода Иноятулло
  7. Исмоилова Динара
  8. Ахмедов Зокир – мураббӣ
  9. Чао Чангхао – мураббӣ
  10. Шарипова Файзинисо – табиб.

Пара-тенниси рӯи миз:

  1. Екатерина Ишенко.

Гуштини тарзи озод:

  1. Шакаршоева Ватансултон (-53кг)
  2. Воҳидов Ҳикматулло (-57)
  3. Икромов Муҳаммад (-61кг)
  4. Шарифов Ҷамшед (-70кг)
  5. Шарипов Ғуломҷон (-74кг)
  6. Икромов Сомон (-79кг)
  7. Маҳмадбеков Раҳмон (-97кг)

Гуштини Юнонӣ-Римӣ:

  1. Азизов Аслам (-55кг)
  2. Мирзораҷабов Фирӯз (-63кг)
  3. Очилов Шероз (-72кг)
  4. Абдулҳаев Суҳроб (-82кг)
  5. Ҳасанов Бахтовар (-87кг)
  6. Сафаров Мирзоамин (-97кг)
  7. Олимов Абдурозиқ – мураббӣ
  8. Ҳайдаров Равшан – мураббӣ
  9. Раҳмонов Фаррухрӯз – мураббӣ
  10. Баҳромов Шодӣ – намоянда

Камонварӣ:

  1. Роберт Нам
  2. Аҳмадова Дилноза
  3. Зубайдова Фирӯза