Дар идомаи Форуми байналмилалии “Тоҷикистон – сарзамини обҳои шифобахш” бештар ба марказҳои солимгардонию табобатии кишвари мо таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Гуфта шуд, ки марказҳои солимгардонии кишвари мо фавқулода табобатбахширо доро мебошанд.
Онҳо инчунин сохтори такмилёфтаву рушдкарда доранд, ки аз ҳамтоёни хориҷии худ ягон камӣ надоранд. Иттилоъ дода шуд, ки имрӯзҳо ба ҳамаи минтақаҳои дорои захираҳои сайёҳии табобатию солимгардонӣ, аз ҷумла обҳои минераливу шифобахш, пиряхҳо ва дарёву кӯлҳои мусаффо хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил карда шуда, имкониятҳои ин минтақаҳо ба таври васеъ ва самаранок истифода шуда истодааст.
Дар кори чорабинӣ бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо ва ҷалби сайёҳон ба кишварҳои ҳамдигар миёни субъектҳои хизматрасонии сайёҳии ватанӣ ва кишварҳои Россия, Қазоқистон ва Узбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Ҳамчунин ба як қатор ширкатҳои навтаъсис иҷозатномаҳои фаъолияти сайёҳӣ супорида шуд.
Айни замон барои меҳмонони форум инфо-тур ба мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии кишвар ташкил карда шудааст.