Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ Маркази клиникӣ ва илмию таълимӣ таъсис дод

Дар назди Донишкадаи тиббӣ- ичтимоии Тоҷикистон клиникаи назди донишкадавӣ Маркази клиникӣ, илмӣ – таълимӣ ташкил карда шудааст, ки он рузҳои наздик ба фаъолият шуруъ намуда, дар баробари корҳои табобатии беморон, ҳамзамон донишҷӯён дарсҳои амалӣ ва клиникии худро тибқи талаботи нақша ва барномаҳои таълимӣ мегузаронанд.

Дар ин хусус ректори Донишкадаи мазкур Зарина Ибодзода, дирӯз, 27 июл, ба намояндагони расонаҳои хабарӣ итилоъ дод. Ба гуфтаи ректори ин Донишкада ҳамзамон барои гузаронидани дарсҳои амалӣ ва таҷрибамӯзии донишҷӯён, донишкада бо 27-муассисаҳои тиббӣ-профилактикии шаҳри Душанбе шартномаи ҳамкорӣ дорад.
Инчунин дар шарҳи ин нукта масъулини Донишкадаи тиббӣ- иҷтимоии Тоҷикистон маълумот доданд, ки дар самти ҳамкориҳои байналмиллалӣ донишкада бо як қатор донишгоҳҳои хориҷӣ кишвар, аз ҷумла бо Академияи тиббӣ-техникии Руссия, Муассисаи таълими ғайридавлати «Донишгоҳи тиббии Украина», Донишгохи Хансаи Малайзия ва ширкати Гэатару Медиа ҳамкории дуҷониба дар самти таҳсилот, корҳои илмӣ, татқиқотӣ, табодули таҷрибаи донишҷӯён ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада ва дигар самтҳои тиб ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст.

                                                                                                  О. Шарипова
                                                                                            радиои "Тоҷикистон"