Дар Душанбе Чемпионати CAFA-2022 миёни мунтахабҳои ҷавонон доир мегардад

Шурӯъ аз 5 то 12-уми август дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои ҷавонони то 19-сола баргузор мешавад. Панҷ мунтахаб барои унвони беҳтарин тими минтақа мубориза мебарад.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои ҷавонони то 19-сола мунтахабҳои Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон ширкат мекунанд.

Гуфта мешавад, ки дар маҷмӯъ дар доираи чемпионат даҳ бозӣ баргузор мешавад. Ҳама бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегардад.

Тибқи низомнома Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни ҷавонон аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯйи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.

Чемпионати CAFA-2022 байни ҷавонони то 19-сола
Иштирокчиён: ТОҶИКИСТОН, Эрон, Узбекистон, Афғонистон, Қирғизистон.

Даври 1
5 август (ҷумъа)
18:00 – Узбекистон – Эрон
21:00 – Қирғизистон – Афғонистон

Даври 2
6 август (шанбе)
18:00 – Қирғизистон – Узбекистон
21:00 – Афғонистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 3
8 август (душанбе)
18:00 – Эрон – Афғонистон
21:00 – ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

Даври 4
10 август (чоршанбе)
18:00 – Эрон – Қирғизистон
21:00 – Узбекистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 5
12 август (ҷумъа)
18:00 – Афғонистон – Узбекистон
21:00 – ТОҶИКИСТОН – Эрон