Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар робита ба ҷашни 90 солагии ин муассиса тамоми филмҳои аз оғози фаъолият истеҳсолкардаашро ба феҳристи ягона гирдоварӣ карда, ба жанрҳо ҷудо намудааст.
Ин масъала имрӯз зимни нишастӣ хабарии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» аз ҷониби роҳбари он Маҳмадсаид Шоҳиён зикр карда шуд. Ба гуфтаи номбурда баъди гирдоварии филмҳо маълум гардид, ки шумораи умумии онҳо аз рӯзи таъсис то ба имрӯз 1234 ададро ташкил намуда, ба “Хазинаи тиллоӣ”-и санъати синамои миллӣ ва ҷаҳонӣ ворид карда шудааст. «Аз шумораи умумии филмҳои ҷамъоваришуда 640 ададаш филми мустанад, 330 адад маҷалаи «Тоҷикистони советӣ», 89 адад маҷаллаи ҳаҷвии «Калтак», 20 адад филми тасвирӣ ва 155 адад филми ҳунарӣ мебошанд», изҳор дошт директори Муассиса.
Малоҳат Тоҳирова
муҳаррири варзидаи Идораи барномаҳои иттилоотӣ