Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо имзо гузоштанд.
Қонунҳо «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ», «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ», «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» ва «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» ба густариши раванди таҳия, тасдиқ ва амалисозии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва рушди соҳаҳои муҳими ҳаёти кишвар нигаронда шудааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» ба таъмини аҳолӣ бо моҳӣ, ҳифзи захираҳои он, рушди соҳибкории соҳа ва бунёди ҷойҳои нави корӣ равона гардидааст.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» масъалаҳои коркард, муомилот, назорати сифати дору ва роҳҳои таъмини аҳолиро бо дору ва дигар молҳои тиббӣ танзим менамояд.
Қонунҳои қабулгардида ба пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳибкорӣ, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва беҳдошти зиндагии аҳолӣ нигаронида шудаанд.
Қонунҳо дар матбуот интишор карда мешаванд