Акс аз сомонаи www.sugd.t
9 июли соли 2022 дар толори хурди Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.
Дар натиҷа давоми шаш моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 11,1 млрд. сомонӣ ва суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо ба 123,8 фоиз расонида шуд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона гардида, дар моҳҳои январ-июни соли 2022 ба миқдори 646,1 ҳазор тонна семент ва 695,3 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шуд. Ҳамзамон, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум суръати афзоиши истеҳсоли нахи пахта 144,9 фоиз ва газвори пахтагини тайёр 105,7 фоиз таъмин гардид.
Дар соли 2022 корбарӣ дар самти бунёди корхонаву коргоҳҳои дўзандагӣ ва истеҳсоли пойафзол идома дода шуда, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 9 корхонаю коргоҳи нави дўзандагӣ бо 194 ҷойи нави корӣ ва коргоҳи истеҳсоли пойафзол бо 30 ҷойи корӣ таъсис дода шуд.
Дар корхонаҳои дӯзандагии вилоят дар ин давра ба маблағи 152,4 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 23,1 млн. сомонӣ зиёд аст.
Барои дар соли таҳсили 2022-2023 бо сару либоси мактабӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят дўхтани либоси мактабӣ тақвият ёфта, давоми 6 моҳи соли ҷорӣ 392536 дона либоси мактабӣ дўхта шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 138,1 фоиз таъмин гардидааст.
Дар вилоят фаъолияти 10 корхонаю коргоҳи пойафзолдӯзӣ ба роҳ монда, дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ истеҳсоли пойафзол ба 254,7 ҳазор ҷуфт расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 72,2 ҳазор ҷуфт ё 1,4 баробар зиёд аст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 3 миллиарду 365,2 млн. сомонӣ расонида шуд, ки ба 112,1 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2021 баробар мебошад. Дар соҳаҳои растанипарварӣ ба маблағи 1 млрд. 647,0 млн. сомонӣ, чорводорӣ ба маблағи 1 млрд. 718,2 млн. сомонӣ ва моҳипарварӣ ба маблағи 6,5 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, суръати афзоиш мутаносибан 109,0 фоиз, 115,4 ва 110,3 фоиз таъмин гардидааст.
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 43196,6 тонна картошка, 86058,7 тонна сабзавот, аз ҷумла 31261,5 тонна пиёз, 39747,3 тонна мевагӣ, аз ҷумла 34803,7 тонна зардолу, 15658,8 тонна полезӣ истеҳсол карда шудааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 истеҳсоли картошка 4,3 тонна, сабзавот 4792,0 тонна, мевагиҳо 5147,6 тонна, аз ҷумла зардолу 4369,5 тонна ва полезиҳо 1431,4 тонна афзудааст.
Ҳаҷми умумии гардиши савдо дар 6 моҳи соли 2022 ба 7 млрд. 277,8 млн. сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба 2004,9 млн. сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мутаносибан 107,1 ва 104,0 фоизро ташкил намуд.
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ-июни соли 2022 ба 1416,8 млн. доллари ИМА расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 138,0 фоиз таъмин гардид.
Ҳаҷми воридот 896,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 146,5 млн. доллар ё 19,5 фоиз афзудааст.
Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 519,8 млн. долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 243,9 млн. доллар ё 1,9 фоиз зиёд мебошад.
Раиси вилоят ҳамзамон вобаста ба вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ, сайёҳӣ, кор бо занон, ҷавонон ва варзиш, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят, вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод.
Раҷаббой Аҳмадзода сипас ба саволҳои кормандони воситаҳои ахбори омма посух гуфта, таъкид кард, ки имрӯзҳо сокинони меҳнатдӯсти вилоят барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ дида, бо дили гарм ва нигоҳи нек ба ояндаи Ватани маҳбубамон ба бунёдкориву созандагӣ машғуланд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки сокинон ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррасу шоиста истиқбол менамоянд ва дар ин ҷода аҳли қалам низ бо сухани созандаи худ дар канори аҳли меҳнат истода, барои шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол хизмат мекунанд.