ВУСЪАТИ  ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ҲАТМИСТ

Имруз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Дипломатияи об ҳамчун ҷавҳари асосии пешбурди сиёсати хориҷии ҶТ дар арсаи ҷаҳонӣ» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, олимону коршиносони соҳа ва намонядагони васоити ахбори омма баргузор шуд.

 Дар конфронс  масъалаҳои ҳифзи пиряххо, ташаббусҳои Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои об, нақши об дар тавлиди «иқтисоди сабз» аз манбаъҳои барқароршаванда, тақвияти хамкориҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар ҳифзи муҳити зист, нақши дипломатияи об дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба об баррасӣ гардиданд.

 Ҳадафи асосии баргузории конфронси мазкур  натиҷагирӣ аз Конфронси дуюми байналмиллалии сатҳи баланд таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ ва минтақавиву ҷаҳонӣ» ва омодагӣ ба Конфронси дуюми оби СММ дар соли 2023 буд.

                       Шоистаи Аҳмад

                радиои “Тоҷикистон”