Дар нимсолаи аввал нақшаи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки ҷамъоварии онҳо ба зиммаи мақомоти андоз гузошта шудааст, ба андозаи 101,8 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 7 млрду 149,4 млн.сомонӣ ба буҷети давлатӣ 7 млрду 278,5 млн.сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондихандахои пешбинишуда 129,1 млн.сомонӣ зиёд мебошад.
«Баъди мавриди амал қарор гирифтани Кодекси андоз дар таҳрири нав мутахассисони Вазорати молия, Кумитаи андоз, коршиносони Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмиллалии асъор пешгуӣ карда буданд, ки андозҳои дохилӣ аз ҳисоби имтиёзҳои додашуда, аз ҷумла 3 фоиз кам шудани андози арзиши иловашуда, хориҷ шудани андози истифодаи роҳҳо, 530 млн. сомонӣ ба буҷа ворид нагардида, дар ҳисоби андозсупорандагон боқӣ мемонад” – таъкид дошт Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ.
Нусратулло Давлатзода дар идома таъкид дошт, ки хушбахтона аз ҳисоби дигар сарчашмаҳо, нақша иҷро карда шуд, зеро захирахо бисёранд. Дар шахру ноҳияҳо манбаъҳои андозбандӣ зиёд аст, қариб 20-25 фоизи соҳибкорон бе қайди мақомоти андоз фаъолият доранд. Мақсади Ҳукумати мамлакат он аст, ки бигзор кам хам бошад, намудҳои андоз сари вақт ба буҷа ворид гардад ва иқтисоди пинҳонӣ аз ба йн равад.
Шоистаи Аҳмад
радиои “Тоҷикистон”