Фурқат Ахмедҷонов дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон таъйин шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ФФТ.
Бино ба иттилои манбаъ, Фурқатҷон Ахмедҷонов дар ин вазифа ба ҷойи Давлматманд Исломов, ки ба сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи дабири кулли ФФТ рафт, таъйин шудааст.
“Дар сохтори Федератсияи футболи Тоҷикистон тағйирот ба амал омад. Давлматманд Исломов бо сабаби ба кори дигар гузаштан вазифаи дабири кулли ФФТ-ро тарк кард”, – хабар додааст манбаъ.
Зикр шудааст, ки роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Давлатманд Исломов изҳори сипос намуда, ба ӯ дар вазифаи наваш дар сохтори ФФТ комёбӣ таманно кардааст
Бояд гуфт, ки Фурқат Ахмедҷонов қаблан роҳбарии Лигаи футболи бонувон ва Лигаи футзали Тоҷикистонро бар уҳда дошт.
Федератсияи футболи Тоҷикистон созмони ҷамъиятии варзишиест, ки футболи Тоҷикистонро идора ва назорат мекунад.