Ба чаҳор навоҳии вилояти Хатлон аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва шарикони рушд 9 адад мошини “Ёрии таъҷилӣ” дода шуд. Дар ин бора Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Маросими расмии супоридани нақлиётҳои мазкур, рӯзи 5 июн дар шаҳри Душанбе бо ҳузури намояндагони Вазорати тандурустӣ ва шарикони рушд баргузор шудааст.
Қайд гардидааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон соҳаи тандурустиро дар меҳвари сиёсати худ қарор дода, ҷиҳати беҳтар намудани сатҳ ва сифати хидматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона сохтааст.
Зикр шудааст, ки дастрас гардидани нақлиётҳои мазкур ба ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон” баҳри боз ҳам беҳтар намудани хидматрасонии тиббӣ ба сокинон мусоидат хоҳанд кард.
“Нақлиёти мазкур бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз буда, барои расонидани ёрии босифати тиббӣ ба аҳолӣ ба беморхонаҳои марказии минтақаҳои Норак, Данғара, Балҷувон ва Ховалинг интиқол дода мешаванд”, – омадааст дар хабарнома.
Ҳамин тавр, ба навоҳии болозикр 9 адад нақлиёти ёрии таъҷилии тамғаи “Мерседес Бенс” “Спринтер” ва “Тойота ланд крузер” тақдим карда шуд.
Манбаъ афзуда, ки ин иқдом, бо мақсади боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани хидматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, хосатан ёрии аввалияи тиббӣ бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.