21 июли соли 2020 дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.
Дар саҳни ҳавлии маҷмаа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз рӯи лавҳаи рамзӣ парда бардошта, ба фаъолияти ин иншооти муосири варзиш оғоз бахшиданд.
Бояд гуфт, ки Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе яке аз калонтарин маҷмааҳои варзиши мамлакат мебошад.
Маҷмааи варзиш аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе дар майдони 10 гектар бунёд гардидааст.
Корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмони маҷмаа ҳанӯз соли 2012 оғоз ёфта, ҷараёни сохтмони он таҳти назорати бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт.
Фармоишгари иншоот Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, лоиҳаи онро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ростовгипрошахт”-и Федератсияи Россия таҳия намудааст.
Дар бунёди маҷмаа ширкатҳои ватании “Стройкомплекс”, “Марв-Сохтмон”, “Абусалмон”, “Заводи асфалту бетон” ва “Нури Ҳамадон”, дар маҷмӯъ, мутахассисони варзидаи 15 ширкати ватанӣ ва 5 ширкати хориҷӣ саҳм гузоштаанд.
Дар маҷмааи варзишӣ беш аз 500 нафар сокинони маҳаллӣ ба корҳои сохтмону васлкунӣ ҷалб гардида, ҳамаи корҳо бо сифати баланд ба анҷом расонида шудаанд.
Баробари ба истифода додани маҷмааи мазкур беш аз 200 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд.
Баъди ифтитоҳи иншоот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо шароиту имкониятҳои Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ шинос шуданд.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи варзишӣ аз қасри теннис барои зиёда аз 3 ҳазор ҷойи нишаст бо таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои 300 воситаи нақлиёт, қасри намудҳои варзиши обӣ барои қариб дуюним ҳазор ҷойи нишаст, ҳавзи шиноварии кушода бо 300 ҷойи нишаст ва 27 лифт иборат буда, ҳамчунин, дар шафати он 8 майдони тенниси кушод, ки яке аз онҳо дорои ҳазор ҷойи нишаст мебошад, сохта шудааст.
Яке аз иншооти калони маҷмаа Қасри намудҳои варзиши обӣ мебошад ва боздиди Сарвари давлат низ аз он оғоз гардид.
Қасри намудҳои варзиши обӣ дар масоҳати зиёда аз 20 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, аз 3 ошёна иборат аст ва баландии иншоот 27 метрро ташкил медиҳад.
Қаср дорои қариб дуюним ҳазор ҷойи нишаст барои тамошобинон мебошад. Дар таҳхона ҷойи ивази либос барои 1800 нафар тамошобин ва ҳуҷраҳои техникӣ ҷойгир шудааст.
Дар ошёнаи якум 4 ҳавзи шиноварӣ, аз ҷумла ҳавзҳо барои ҷаҳиш ба об, шиноварӣ, машқҳои аква — аэробика — рақси обӣ ва ватерполо ҷойгир буда, ҳамаи онҳо мувофиқ ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ бунёд гардидаанд.
Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми иншоот толор барои баргузории нишастҳои матбуотӣ бо 130 ҷой, 2 толори машқ, утоқҳо барои либосивазкунӣ ва истироҳати варзишгарон, утоқҳои маъмурият, 6 қаҳвахона, 9 лифт ва дигар иншооти фаръӣ ҷойгир шудаанд.
Ҳавзҳои маҷмаа ҳам барои омӯзиши ин ҳунарҳо ба хоҳишмандон ва ҳам барои мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, аз ҷумла бозиҳои олимпӣ пешбинӣ шудаанд.
Қасри намудҳои варзиши обӣ дорои таҷҳизоти муосири оббозӣ буда, ҳавзҳои шиноварии он дар ҳамаи фаслҳои сол бо оби гарми дорои ҳарорати 26 дараҷа таъмин карда мешаванд. Низоми муҳандисии иншоотро таҷҳизот ва дастгоҳҳои муосири сохти кишварҳои пешрафта ташкил мекунад.
Дар ин маҷмаа аз кӯдакони ҳафтсола сар карда, то калонсолон метавонанд бо тамрин машғул шаванд, зеро дар ин ҷо ҳавзҳои чуқуриашон аз 0,7, 1,5, 3 то 6 метр мавҷуданд.
Қасрҳо ва дигар иншооти ин маҷмаа бо ранги кабуди монанд ба оби соф ороиш ёфтаанд, ки ин рамзи кишвари обҳои мусаффо ва ташаббускори ҳалли мушкилоти обии ҷаҳон будани Тоҷикистон мебошад.
Баъди шиносоӣ бо имкониятҳои машқу тамрин ва баргузории чорабиниҳои варзиши обӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз иншооти дигари маҷмаа — ҳавзи шиноварии болокушода боздид карданд.
Дар шафати маҷмааи намудҳои варзиши обӣ, ҳамчунин ҷиҳати ба солимгардонӣ ва шиноварӣ фаро гирифтани ҷавонону наврасон ҳавзи шиноварии болокушода сохта шудааст, ки барои баргузории мусобиқаҳои шиноварӣ дар фасли тобистон таъйин шудааст.
Ҳавзи шиноварии болокушода дар масоҳати умумии 8 ҳазор метри мураббаъ бо баландии 17 метр бунёд гардида, дорои 300 ҷойи нишаст мебошад. Иншооти мазкур барои баргузории 4 намуди варзиши обӣ, аз ҷумла ҷаҳиш аз трамплини дорои баландиҳои 1, 3, 5, 7.5 ва 10 метр, шиноварӣ дар масофаи 25 метр ва бозии ватерполои занонаву мардона пешбинӣ гардидааст.
Ҳавзи шиноварии болокушода низ мувофиқ ба талаботи муосир бунёд ёфта, дар он ҳамаи шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст. Лоиҳаи маҷмаа бо Федератсияи байналмилалии намудҳои варзиши обӣ мувофиқа гардидааст.
Дар иншоот системаи шабакаҳои зарурӣ мутобиқи талаботи FINA (Федератсияи байналмилалии шиноварӣ) ва ITF (Федератсияи байналмилалии теннис) барои гузаронидани мусобиқаҳои сатҳи умумиҷаҳонӣ насб гардидааст.
Бояд гуфт, ки мутахассисони Федератсияи байналмилалии шиноварӣ ва Федератсияи байналмилалии теннис ҷараёни корҳои лоиҳакашиву сохтмонро бевосита назорат карда, барои ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ гардидани маҷмаа тавсияву маслиҳатҳои муфид додаанд.
Натиҷаи ҳамин ҳамкорӣ буд, ки маҷмааи варзиш аз тарафи сохтмончиёни тоҷик бо тарҳи зебо, бо дарназардошти талаботи меъёрҳои муосир ва бо сифати баланд бунёд шудааст.
Тибқи талаботи банаворгирии бозиҳои варзишӣ дар иншооти ёрирасони маҷмаа таҷҳизоти махсус насб гардидааст, ки тавассути он сабти видеоии мусобиқаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ба шабакаҳои телевизионӣ пайваст карда шудааст.
Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти ҳавзи шиноварии болокушода Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Қасри теннис, ки дар як бинои алоҳидаи зебо ҷойгир аст, дидан карданд.
Қасри теннис аз 5 ошёна иборат буда, дар майдони 40 ҳазор метри мураббаъ ҷойгир шудааст ва аз 3 майдони теннис, толори гӯштингирӣ, толорҳои умумии варзиш ва машқ иборат мебошад.
Дар 3 корти теннис 12 утоқи либосивазкунӣ барои 300 нафар варзишгарон, 4 толори варзиш бо тамоми таҷҳизоти муосир, толори нишастҳои матбуотӣ барои 120 нафар, қаҳвахона ва 10 лифт иборат аст.
Дар ошёнаи дуюми Қасри теннис толор барои бозиҳои футболи хурд, тенниси рӯи миз, волейбол, баскетбол, толори гӯштин, обутоби бадан, аэробика, гимнастика ва дигар ҷойҳои машқу тамрин мавҷуд аст.
Бунёду ба истифода додани Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ туҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони мамлакат ва яке аз иншооти бузурги ҷашнии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги 30 — солагии истиқлоли давлатӣ мебошад.
Варзишгарон, ҷавонони саодатманду хуштолеи мамлакат ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иқдоми шоиста — бунёди чунин як маҷмааи бузург ва таъмини тамоми шароити зарурии машқу тамрин изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
Дар як қисми маҷмааи варзишӣ барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи гуногун ва тамрини варзишгарон 8 майдони тенниси кушод бо масоҳати 5500 метри мураббаъ сохта шудаанд.
Бо дарназардошти он, ки маҷмааи нави варзиш ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад, минбаъд дар он имконияти баргузории на танҳо мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, балки минтақавӣ ва ҷаҳонӣ низ пайдо гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи иншоот ва шиносоии пурра бо имкониятҳои дар он фароҳамовардашуда дар Қасри теннис дар ҳузури ҷавонону наврасон ва варзишгарони ҷумҳурӣ суханронӣ карданд.
Нахуст Пешвои миллат ифтитоҳи иншооти бузурги варзишро ба ҷавонони мамлакат ва сокинони пойтахт табрик гуфтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сохтмон баҳои баланд дода, ба бунёдкорони маҷмаа барои иҷрои босифати корҳо арзи сипос карданд.
Бунёду ба истифода додани Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ дар шаҳри Душанбе сабаби ободии як гӯшаи пойтахти давлати азизамон гардидааст.
Ороиши маҷмаа бо таҷҳизоти ҳозиразамони нурпошӣ ин мавзеи зебоманзари пойтахтро ба макони афсонавӣ табдил додааст.
Бояд гуфт, ки тайи се соли охир дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва соҳибкорону ташаббускорон беш аз 250 майдончаи варзиш ва бозии кӯдакон ба маблағи умумии зиёда аз 205 миллион сомонӣ ба истифода супорида шудаанд.
Ҳамзамон бо ин, дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе калонтарин варзишгоҳ бо 30 ҳазор ҷойи нишаст бунёд шуда истодааст, ки боз як туҳфаи беҳтарин ба ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.
Баъди шиносоии пурра бо иншоот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарон барои сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд ва ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои истифодаи самараноку мақсадноки иншооти варзиш ва корҳои ободонӣ дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.