Сироҷиддин  Икромӣ: Узбекистон ба соҳибкорони тоҷик 5 миллион доллар қарз дод

То ҳол дар доираи шартномаҳои байнидавлатӣ ҷиҳати ҳамкориҳои тиҷоратӣ  байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон то ҳол 5 млн доллар қарзҳои имтиёзнок  аз ҷониби кишвари ҳамсоя ба соҳибкорони тоҷик дода шудааст. Дар ин бора Сироҷиддин  Икромӣ, раиси БДА ҶТ “Амонатбонк”, дар ҷавоб ба суоли хабарнигорон иттилоъ дод.

Қаблан  “Амонатбонк” бо Бонки миллии равобити хориҷии Узбекистон ва Узпромстройбонки ин кишвар лоиҳаи шартномаи ҳамкориро дар доираи хатти қарзӣ дар ҳаҷми 43 млн. доллари ИМА ба имзо расонида буд.

Шарти асосии дарёфти қарз барои соҳибкорони тоҷик, ҳамкори бо соҳибкорон, ширкатҳо ва корхонаҳои саноатии Узбекистон  гуфта мешавад.

Ҳамчунин хабар дода шуд, ки ҳамкориҳои “Амонатбонк” бо ташкилотҳои моливии байналмилалӣ ҷиҳати ҷалби бештари сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар, идома дошта, то ба имрўз Бонк 64 млн. доллари ИМА ҷалб намудааст. Бо истифодаи маблағҳои қарзӣ дар 51 шаҳру ноҳияи кишвар 79 лоиҳаи сармоягузорӣ барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти мамлакат амалӣ шуда истодааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *