Бархе аз мусофирони хатсайри Душанбе – Панҷакент шикоят мекунанд, ки вақту соати ҳаракати автобусҳои ширкати “Asian Express Terminal” муайян нест ва ғайр аз ин дар ин хатсайри тӯлонӣ баъзан аз меъёри муқарраргардида, зиёдтар мусофир мекашонанд. Дар ҳоле ки коршиносон мегӯянд, масири ин хатсайр минтақаҳои хавфнок дорад ва аз меъёри муқарраргардида зиёд гирифтани мусофирон мумкин нест.
Шаҳноза Саидова яке аз мусофирони ин хатсайр аст, ки ба гуфтаи худаш рӯзи 25-уми июн аз Душанбе ба Панҷакент рафт. Ӯ мегӯяд, пеш аз сафар ба ин ширкат тамос гирифт ва соати ҳаракати автобусҳояшро ба самти Панҷакент пурсид. Аз ширкат гуфтанд, ҳоло маълум нест ва соати 8 биёед баъд маълум мешавад, вале, гуфт Шаҳноза, вақте соати 8 омадем, соати ҳаракат муайян набуд ва соате дертар ба роҳ баромаданд.
Шаҳноза инчунин гуфт: “Рӯзи 25-уми июн мо тариқи рейси чартерӣ, ки 90 сомонӣ будааст рафтем, аммо вақте ба назди корхонаи сементбарорӣ расидем, автобусро нигоҳ доштанду дар роҳравҳо низ одам гирифтанд. Вақте ҳама садо баровардем, ронанда гуфт, автобуси мо аз ширкати шахсӣ аст ва шумо хоҳед шинед, нахоҳед фароед”.
Ҳамин тавр, баъзе аз мусофирони дигари ин рейс гуфтаҳои Шаҳнозаро тасдиқ мекарданд. Аминҷон мусофири дигар дар суҳбат ба радиои “Тоҷикистон” гуфт: “Вақте рейсро чартерӣ мегӯянд, маънии онро дорад, ки хидматрасонӣ низ бояд хуб бошад, аз меъёри муайяншуда зиёд одам нагиранд, вале ин баъзан ба инобат гирифта намешавад”.
Дар ҳамин ҳол Абдуҳаким Тоҳиров, корманди масъули ширкати “Asian Express Terminal” гуфт, онҳо ҷадвали тасдиқшуда доранд, аммо дар баъзан мавридҳо дар соати ҳаракат тағйирот ворид мешавад. Вале ин бо хоҳиши мусофирон сурат мегирад, зеро онҳо баъзан хоҳиш менамоянд, ки роҳ тӯлонӣ аст ва автобус субҳтар ба роҳ барояд. Тоҳиров дар идома афзуд, аз меъёр зиёд савор кардани мусофирон набояд сурат гирад, вале ин масъаларо хоҳанд санҷид, ки то чӣ андоза воқеият дорад.
Аз Хадамоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт низ гуфтанд, вобаста ба танзими соати ҳаракат ҳатто дар ҷаласае роҳбари хадамот низ нигаронӣ карданд ва масъала мавриди таваҷҷуҳашон ҳаст.
Мусофиронро танҳо ин масъала нигарон накардааст. Чанде пештар як корбари фаъоли шабакаи Фейсбук Исмоил Зарифӣ дар саҳифааш навишт, ки ронандагони автобуси Душанбе – Панҷакент баъзан новобаста аз хоҳиши мусофирон нақлиётро дар ноҳияи Айнӣ дар назди ошхонаи “Тандуркабоби Ҷумъабой” нигоҳ медоранд, ки на хӯроки бомаза дорад, на ҳоҷатхонаи ба талабот ҷавобгӯ. Ӯ гуфт, 21 мусофири зану мард ва чанд мусофири эҳтиётӣ назди ин ҳоҷатхона навбатпойӣ мекунанд.
Дар ҳамин ҳол масъулини ширкати “Asian Express Terminal” гуфтанд рақамҳои ширкат дар тамоми автобусҳои ширкат ҳаст ва мусофирон метавонанд, ҳангоми мушоҳида намудани камбудӣ тариқи телефон онҳоро дар ҷараён гузоранд, онҳо ба масъалаи мавриди назар расидагӣ мекунанд.
Аммо иддае аз масъулин ба он ишора мекунанд, ки баъзан мусофиронро ронандагони таксӣ маҷбур мекунанд, то ин гуна шикоят баранд, зеро нархи автобусҳо 65 сомонӣ асту таксиҳо 150 сомонӣ. Мусофирон ба автобусҳо зиёд таваҷҷуҳ карданд ва ин боис шуд, ки таксиҳо ба рақобат тоб наоварда, ба сиёҳкунии автобусҳо бо дасти мусофирон пардозанд.
Агарчи масъулин аз ҳаракати бонизоми ин гуна мусофирбарҳо ҳарф мезананд, вале коршиносон дар ин масъала назари дигар доранд. Эшон мегӯянд, масири Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ роҳи кӯҳии душворгузар мебошад. Дар ин замина масъулинро зарур аст, ки дурнамои ҳамин хатсайрро ба инобат гирифта, дар пайи хулосаи мутахассисон нақшаи фаъолияти автобусҳоро ба роҳ мемонданд.
Саидэҳсони Ҷалилиён
радиои “Тоҷикистон”