Дар иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даъвати шашум номи ду қулларо дар вилоят тағйири ном карданд.
Хабаргузории “Sputnik Тоҷикистон” дар такя ба котиботи раиси вилояти мазкур хабар додааст, ки ҳамакнун расман қуллаҳои Маяковский ва Октябрский ба номи шоирони зиндаёди ин диёр, Мирсаид Миршакар ва Муъмин Қаноат номгузорӣ шуданд.
Манбаъ меафзояд, тағйир додани номи ин ду қулларо вакилони халқи вилоят якдилона дастгирӣ намуданд.
Қобили зикр аст, ки моҳи май дар ҷараёни конфронси илмиву адабӣ ба ифтихори 110-солагии шоири халқии Тоҷикистон Мисаид Миршакар ба раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот пешниҳод шуд, ки ду қуллаи қаторкӯҳҳои Помир ба номи шоирони шаҳири ин диёр Мирсаид Миршакар ва Муъмин Қаноат номгузорӣ шаванд.
Ин пешниҳод аз ҷониби раиси вилоят дастгирӣ ёфт ва ҳамакнун зимни иҷлосия номгузорӣ шудани қуллаҳо расман эълон шуд.
Қаблан бо қарори ҳукумат номи яке аз қуллаҳои баландтарини Помир, ки ҷуғрофидони рус Николай Корженевский ба номи ҳамсараш Евгения Корженевская гузошта буд, тағйир дода шуд.
Қуллаи Корженевская, ки бо баландии 7 ҳазору 105 метр аз баландтаринҳо дар минтақа мебошад, бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон номи “Озодӣ”-ро гирифт.
Қуллаи мазкур дар 13-километри шимоли қуллаи Исмоили Сомонӣ ҷойгир мебошад.
Бо қарори дигари ҳукумат қуллаи 6230-метрӣ, ки соли 2009 “Озодӣ” номгузорӣ шуда буд, тайғири ном карда, “Сангталак” унвон гирифт.