Аз даъвати баҳорӣ ба артиш натиҷагирӣ шуд

Акс аз Вазорати мудофиаи ҶТ

Имрӯз дар Вазорати мудофиаи мамлакат бо иштироки ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии ин ниҳоди қудратӣ ва комиссарони ҳарбии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, ҷамъомад баргузор гардид. Дар ин бора Фаридун Маҳмадизода, сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиа хабар медиҳад.

“Дар ҷамъомад нахуст вобаста ба даъвату гусели шаҳрвандон ба хизматӣ ҳарбӣ, муваффақияту пешравиҳо дар самти чорабиниҳои даъватӣ, монеаву мушкилоти ҷойдошта, бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида ва дигар корҳои анҷомёфта дар фаъолити комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт”-менависад, Фаридун Маҳмадалӣзода.

Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни ҷамъомад инчунин масоили вобаста ба аниқнамоӣ, омӯзиш ва мушаххас намудани шумораи қувваҳои эҳтиётӣ, ташкили машғулиятҳои соҳавӣ бо ҳайати захираҳои сафарбарӣ, таъмини онҳо бо лавозимоти зарурӣ, ҳамаҷониба ва дар самти амалан татбиқ намудану тақвият бахшидани мудофиаи ҳудудӣ, вазъи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, ҷобаҷогузории кадрҳо, пуррагардонии воҳидҳои штатии комиссариатҳои ҳарбӣ бо мутахассисони варзидаи низомӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба бурду бохти мақомоти вобастаи давлатии даъват дар самти иҷрои талаботи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи даъвату гусели шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Дар рафти ҷаласа доир ба дастуру супоришҳо ва талаби қотеонаи Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазири мудофиаи мамлакат Шералӣ Мирзо ба сухан баромада, таъкид намуд, ки вазъи ноустувору зудтағийрёбандаи ҷаҳони муосир имрӯз аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ омодабошии доимии ҷангӣ, ҳушёриву зиракӣ ва масъулияти баланду муносибати ҷиддиро дар самти иҷрои вазифаву уҳдадориҳои хизматӣ тақозо мекунад. Тақвият бахшидани тамоми самту соҳаҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ба баланд гардидани иқтидори мудофиавии кишвар таъсири бевосита мерасонад.

Дар охир бо фармоиши роҳбарияти Вазорати мудофиа комиссарони ҳарбие, ки дар даъвати баҳории соли равон, нақшаи ба онҳо пешбинигардидаро дар доираи талабот ва дар сатҳи зарурӣ ба анҷом расонидаанд бо Ифтихорномаву Сипоснома ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон, масъулини комиссариатҳои ҳарбие, ки зимни ташкили ин чорабинии муҳими сиёсӣ, баръакс ба саҳлангорӣ роҳ додаву хунукназарӣ зоҳир намуда буданд, ба ҷазоҳои интизомӣ кашида шуданд.