Дар меҳмонхонаи “Ҳаят реҷенсӣ”-и Душанбе Форуми сайёҳӣ дар мавзӯи “Густариши ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ байни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ” оғоз шуд.
Тавре хабарнигори радиои “Тоҷикистон” Парвин Самандарзода хабар мемдиҳад, дар чорабинӣ роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ҳайати меҳмонон аз Арабистони Саудӣ, ассотсиатсияву ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва васоити ахбори омма ширкат доранд
Форуми мазкур бо мақсади кашфи бозорҳои нави сайёҳӣ, ташкили гӯшаи ҷумҳурӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ ва дигар имконоти барои ҳарду кишвар манфиатбахш ташкил карда шуда, сафари ҳайати меҳмонон аз 25 июн то 2-июли соли равон дар кишвари мо идома меёбад. Тибқи барномаи тарҳрезишуда ташрифи меҳмонон ба беҳтарин маконҳои тамошобоби кишвар дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо даъвати Кумитаи рушди сайёҳӣ Ал – Утайби Сафар Мудири Агентии иттилоотии сайёҳии Арабистони Саудӣ бо гурӯҳи фаъолони шабакаҳои интернетии кишвараш ба Тоҷикистон омад.
Ҳадаф аз ин сафар омӯзиш ва тарғиби зарфияти сайёҳии Тоҷикистон мебошад.
Имрӯз ҳайати меҳмонон дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе аз Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон-2022» ва Фестивал-намоиши «Таомҳои миллӣ» дидан карда, дар назар аст, ки аз дигар маконҳои фарҳангию сайёҳии кишвар боздид хоҳанд намуд.