Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба аёдати якчанд собиқадорони меҳнат рафтааст.
Тавре Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, Аҳмадзода собиқадори хизмати давлатӣ Баҳриддин Ахмедов, Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод ва собиқадори соҳаи маориф Раҳимҷон Каримовро аёдат карда, фарорасии иди Ваҳдати миллиро барояшон таҳният гуфтааст.
Раиси вилояти Суғд зикр намудааст, ки бо талошҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат сулҳу ваҳдат барқарор гардида, дар таърихи навини кишварамон марҳалаи нави созандагию бунёдкорӣ оғоз ёфта, Ватани азизамон аз вартаи ҳалокату парокандагӣ наҷот ёфт.
“Барқарор шудани сулҳу субот имконият фароҳам овард, ки татбиқи барномаҳои муҳимтарини иқтисодию иҷтимоӣ бо ҳадафи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти озуқаворӣ ва гузаронидани маъракаҳои муҳими сиёсию фарҳангӣ амалӣ гардад”, – гуфтааст Аҳмадзода.
Гуфта шудааст, ки хидматҳои собиқадорони меҳнат дар пешрафти ҷомеа назаррас буда, меҳнати фидокоронаи пирони рӯзгор буд, ки рушди соҳаҳо таъмин ва сатҳи зиндагии мардум дар як муддати кӯтоҳ беҳтар карда шуд.