Моҳру Ҳалимова медали биринҷии Чемпионати Осиёро ба даст овард

Аз 24-ум то 27-уми июн дар шаҳри Чунчеони Кореяи Ҷанубӣ Чемпионати Осиё оид ба Таэквондо ВТ доир гардид, ки дар ин мусобиқа варзишгарони тоҷик ширкат варзиданд.

Дар рӯзи охири чемпионат варзишгари тоҷик Моҳру Ҳалимова дар вазни -67кг миёни бонувон медали биринҷӣ ба даст овард.

Моҳру рақобатро аз даври 1/4 финал оғоз карда, бар намояндаи Қатар Марам Фетнасси ғолиб омад. Лекин дар нимфинал аз варзишгари Урдун Ҷулиана Ал-Содиқ мағлуб гардида, ҷои сеюмро соҳиб шуд.

Ин чорумин медали Моҳру Ҳалимова дар Чемпионати Осиё ба ҳисоб меравад. Ӯ соли 2016 медали нуқра ва солҳои 2018, 2021 медали биринҷии Чемпионати Осиёро сазовор гардидааст.

Лозим ба ёдоварист, ки дар 25-умин Чемпионати Осиё 229-варзишгар аз 33-кишвари қора ширкат намуданд.