Ба ифтихори 25-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ ва таъсисёбии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон
Ваҳдати миллӣ ҷавҳари асосӣ ва моҳияти истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб рафта, истиқлолиятро бе ваҳдат ва ваҳдати миллиро бе истиқлолияти комил тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Метавон гуфт, ки имрўз дар кишвари соҳибистиқлоли мо ваҳдати миллӣ ҳамчун ғояи умумимиллӣ дар радифи мафҳумҳои озодиву истиқлолият ва сулҳу субот пазируфта шуда, дар тафаккури мардуми Тоҷикистон чун омили мувозинати пайвастаи сиёсати давлатӣ ҷой гирифтааст.
Яъне, бузургии давлати тоҷикон дар ваҳдати мардуми он аст.
Таърих дар тамоми давраҳо исбот кардааст, ки асли пойдорӣ ва нишоту қудрати ҳар миллату давлат, сутунпояи асосии истиқлолият иттиҳод ва ваҳдати миллӣ аст ва муҳтавои ғояи ваҳдат барои тамоми аҳли башар, хусусан тоҷикон, ки дар ҳар як зинаи ташаккули хеш тамоюли ваҳдатгароии худро вусъат бахшидаанд, баробар, азизу муътабар ва муқаддасу арзишманд маҳсуб мегардад.
Ваҳдату ҳамгироӣ аз суннатҳои аслии мардуми тоҷик аст. Нобасомониҳо, низову кашмакашиҳои солҳои навадуми қарни гузашта имтиҳони дигари таърих ва озмоиши тақдирсозе буд барои мардуми тоҷик. Танҳо бо талоши ҷавонмардонаву ваҳдатофарандаи фарзанди соҳибхираду фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷикон аз гирдоби туфонҳо, гирдоби марговару фалокатбор ва бозиҳои сиёсии ҳамон давра наҷот ёфта, роҳ ба сўйи пешрафту ободӣ гирифт.
Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки марҳалаи дар ҳақиқат таърихӣ буд, оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии халқи тоҷик гардид.
Дар ҳамон давраи мудҳишу мураккаб бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади оромӣ, сулҳу субот ва пешрафти давлати тоҷик созмони мардумӣ – Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ташкил шуд, ки дар ҳифзу пойдории истиқлолияти давлатӣ нақши муассир гузошт.
Агар ба таъриху тамаддуни инсоният назар афканем, ба мушоҳида мерасад, ки кам андар кам миллате мисли тоҷикон ба зарбаҳои сахти таърих дучор омадааст. Ҳарчанд ин миллат таърихан миллати фарҳангсозу сулҳпарвар аст.
Пас аз пошхўрии Иттиҳоди шуравӣ ва соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон дар ибтидои солҳои 90-уми қарни ХХ бўҳрони шадиди сиёсӣ ва набудани ҳокимияти соҳибқудрат сабаб шуд, ки дар мамлакат ихтилофу низоъҳо авҷ гирифта, неруҳои мансабхоҳу миллаткуш бо ҳар васила даст ба исён ва ошўбҳо зананд. Давлат ба қисмҳо ҷудо гардида, оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга зад. Дар натиҷаи задухўрдҳову шўрангезиҳо ҳазорҳо нафар фарзандони миллат талаф ёфтанд, садҳо ҳазор нафар ҳамватанони мо ба таври иҷбори фирорӣ гаштанд, миллат ба вартаи парокандагӣ афтод ва Тоҷикистони тозаистиқлол зери хатари нобудӣ қарор дошт.
Дар чунин вазъият ягона сох¬торе, ки метавонист мардумро сарҷамъ ва масъалаҳои мубрами давлатиро ҳал намояд, Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёфт.
Аз ин рў баргузории Иҷлосияи ХУ1 Шўрои Олӣ, Иҷлосияи тақдирсози миллати тоҷик дар таърихи 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд, ки сулҳи тоҷик маҳз аз ҳамин иҷлосия манша гирифт, рўйдоди бузурге буд.
Намояндагони халқ дар ин иҷлосияи таърихӣ зимоми қуд¬рати давлатдориро дар як давраи ниҳоят ҳассосу тақдирсоз бар души фарзанди арзандаи халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – шахсияти ормонии мардуми тоҷик гузоштанд, ки тавонист бо ҷасорату ҷавонмардӣ, фазилату истеъдоди давлатдорӣ миллатро аз парешонӣ нигоҳ дораду ба захм¬ҳои сўзони он дармон бахшад.
Роҳи ба ҳам овардани тоҷикон ва раҳоӣ бахшидани ин миллати таърихофарину тамаддунсоз аз парешониву парокандагиҳо ноҳамвору пурпечутоб буд.
Сарвари давлат баробари ба мақоми олии мамлакат нишастан дар таърихи 12 декабри соли 1992 дар муроҷиат ба халқи Тоҷикис¬тон гуфта буданд: “Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар як хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам”.
Таҷриба ва амалияи сулҳи тоҷикон нишон дод, ки ҷиҳати ба даст овардани сулҳ ва баррассии низоъу кашмакашиҳои дохилӣ дигар омилҳо низ ҳиссаи худро доранд. Аз ҷумла, Аҳдномаи разоияти ҷомеаи Тоҷикистон ва ба он ҳамроҳ шудани беш аз 30 ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва ташкилоти ҷамъиятиву иттиҳодияҳои илмиву эҷодӣ иқдомӣ нек дар роҳи таъмини сулҳу ваҳдати сартосарӣ гардид.
Таъсис ёфтани Шўрои ҷамъиятии Тоҷикистон дар заминаи Аҳднома дар пешрафти музокирот ва сулҳи бадастомадаи халқи тоҷик кори бузург аст.
Ба ваҳдат овардани тоҷику тоҷикистониён, нигаҳ доштани иттиҳоду якпорчагии мамлакат дар он солҳои тақдирсоз кори саҳл набуд. Ин ҳақиқати таърих аст.
Хиради волои тоҷикон боло гирифту сулҳу субот дар мамлакат пойдор гашт, дар ҷумҳурии мо марҳалаи сифатан нави рушди сиёсӣ оғоз ёфт
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои нигаҳдошту ҳифзу ҳимояи ваҳдати миллии бо ҷонбозиҳо бадастомада ва як порчагии Тоҷикистони азиз ба хулосае омад: акнун неруе зарур аст, ки пушту паноҳи давлати соҳибистиқлоли тоҷик бошад. Ташкилоте рўйи кор бошад, ки ҳамаи қишрҳои ҷомеа, созмонҳои гуногуни ҷамъиятӣ, эҷодиву касбӣ ва ғайраро муттаҳид намояд.
Натиҷаи чунин андешаҳои хирадмандонаву дурбинонаи ин абармарди ваҳдатовар буд, ки 18 июли соли 1997 дар мамлакат созмони умумиҷумҳуриявии Ҳаркати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таъсис ёфт.
Дар Анҷумани муассисисони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки 18 июли соли 1997 дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилона Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон интихоб шуданд.
Сарвари давлат дар суханронии хеш дар анҷумани мазкур иброз доштанд, ки: «Имрўз, шояд дар ин солҳои охир, бори аввал бошад, ки намояндагони ҳизбу созмонҳо ва ташкилоту ҳаракатҳои мухталиф, мардумони касбу кори гуногун дар як толор ҷамъ омада, мехоҳанд дар бораи сарнавишти ояндаи миллат ва Ватани ягонаамон – Тоҷикистон бо дарки масъулият андеша ронанд ва якҷо, дўш ба дўши ҳамдигар кишварро ба сўйи шукуфоӣ ва пешрафт ҳидоят намоянд.
Ман ин азми оқилонаро як падидаи бисёр умедбахшу солими ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишварамон медонам ва ин муттаҳидию ҳамрайъиро, ки дар шакли як ҳаракати мардумӣ – Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон арзи ҳастӣ кардааст, ба шумо ва тамоми сокинони Тоҷикистон табрик мегўям».
Мақсади асосии Ҳаракати ваҳдати миллӣ, муттаҳидсозӣ, таъмини пойдории сулҳу салоҳ, устувории ҷомеа, ризоияти миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои марказии Ҳаракат дар конфренсияи дувуми умумиҷумҳуриявии Созмон дар назди Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон гузоштанд ва ҳадафи олӣ сармашқи фаъолияти ин ҳаракати мардумӣ гардид.
Ба Ҳаракат тамоми ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳое, ки аъзои Аҳдномаи ризоияти ҷамиятӣ мебошанд, дохил шуданд ва аъзои он ба хотири таҳкими асосҳои сохти мавҷудаи конститутсионӣ муттаҳид шуданд.
Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон чун неруи муқтадири тарғибгари сулҳи пойдор дар кишвар ҷиҳати амалӣ гардонидани ғояҳои созанда ва бунёдкоронаи давлату Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол дар байни мардум талошҳои зиёд ба харҷ дода, бобати таҳкими сулҳ ва суботу оромии мамлакат ва ҳамгироии халқи тоҷик нақши нишонрас гузошт. Ҳаракат дар кўтоҳтарин муҳлат ҳамчун ҳаракати ҳамагониву мардумӣ тавонист дар ҷумҳурӣ ҷонибдорони зиёд пайдо намояд, оинномаву Барномаи худро пас аз муҳокимарониҳои дар ташкилоти ибтидоӣ баррасӣ ва қабул намуда, фаъолия¬ти худро дар самти ҳимояи манфиатҳои ҷомеа ва дар навбати аввал ваҳдати комилу сартосарии миллат ва эҳёи Тоҷикистон ҷоннок намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷуману конфронсҳои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ҳамеша таъкид мекунанд, ки: «Маҳз аз баракати муттаҳид сохтани неруҳои сиёсӣ ва таъмини ризоияти ҷомеа мо пеш аз ҳама тавонистем Истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии Ватани азизамонро ҳифз намоем ва мардуми худро аз парокандагӣ нигоҳ дорем.
Баъди истиқрори сулҳ мо ба ҷамъ овардани миллат – яъне ба Ватан ва маҳалли зисти доимиашон баргардонидани қариб як миллион нафар ва ба раванди ҳаёти осоишта пайвастани онҳо ноил шудем.
Ғояи маънавию мафкуравии мо ваҳдат, ягонагӣ, худогоҳӣ, худшиносии миллӣ, ободии Ватан ва таҳкими ҳамаҷонибаи давлатдориамон мебошад.
Бинобар ин ҳар шахси бонангу номус, ҳар фарде, ки бо Ватан, бо модари азизаш – Тоҷикистони соҳибистиқлол ифтихор мекунад, кулли сокинони кишвар, ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ бояд манфиатҳои миллат ва давлати соҳибихтиёрамонро аз тамоми манофеъи дигар болотар гузоранд, зеро давлату ҷомеа ҳамеша ва дар ҳар давру замон ба эҳтирому арзишҳои умумимиллӣ ниёзманд мебошад».
Бояд тазаккур дод, ки азму ирода ва саъю талош дар роҳи сулҳу ризоияти миллӣ барои тоҷикон мактаби ҳаёт, сабақи таърихии давлату давлатдорӣ гардид. Ва сулҳу ваҳдат паёме буд, ки халқи тоҷикро сўйи ободонию созандагиҳо ҳидоят намуд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хизматҳои ваҳдатофарӣ ва корномаҳои таърихиашон тавонистанд формулаи хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуширо ёбанд. Пешвои миллат фаъолияти ҷамъиятию сиёсии худ¬ро бо вожаҳои «Ваҳдат, сулҳ ва иттиҳод» оғоз намуда буданд.
Моҳи сентябри соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 52-юми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуда, дар ҳузури намояндагони беш аз 180 кишвари олам, созмонҳои зиёди байналмилалӣ оид ба натиҷаҳои фараҳбахши истиқрори сулҳи пойдор дар Тоҷикистон маълумот дода, ҷомеаи ҷаҳониро ба омўзиши таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва татбиқи он дар минтақаҳои доғи дунё даъват намуда буданд.
Воқеан, раванди таҳкими ваҳдати миллӣ нуфузи Тоҷикис¬тонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардош. Аз ин рў коршиносон ва аҳли илми кишварҳои мухталиф таҷрибаи сулҳи тоҷиконро омўхтанду меомўзанд ва ба корномаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ баҳои баланд медиҳанд.
Аз ҷумла, собиқ Президенти Ҳиндустон Кочерил Раман Нараянан соли 2001 таҷрибаи сулҳи тоҷиконро чун падидаи нодири фарҳанги сулҳ пазируфта, таъкид намудаанд: «Маро кўшишҳои хастанопазири Ҷаноби Олӣ Президент Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати барқарорсозии сулҳ, оштии миллӣ ва раванди созанда дар Тоҷикис¬тон, ки ҷомеаи озод месозад, ба ҳайрат гузошт. Бовар дорем, ки ин кўшишҳои халқи боистеъдод ва меҳмондўсти Тоҷикистон самараи нек хоҳанд овард».
Бояд гуфт, ки Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар солҳои аввали таъсисёбиааш асосан дар маркази вилоятҳо фаъолият дошт. Дар солҳои минбаъда доираи фаъолияти он густариш ёфта, аз ҳудуди марказҳо ба ноҳияҳову деҳоти дурдаст доман паҳн кард.
Дар сафҳои ташкилоти ҳаракат шахсиятҳои бонуфуз ва обруманде ҳастанд, ки ҳар кадом бо хизматҳои шоистаи худ дар ҷамъият мақому манзалати хоса касб намудаанд.
Ин нуктаро Раиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани муассисон махсус таъкид доштанд: «Дар сафи ин ҳаракати ҳамагонӣ бояд ҳазорҳо чашми ростбин, гўши ҳақшунав, ақли бедору хиради дурбин, забони ҳақгўю табъи сухансанҷ, ҳазорҳо дасту бозуи қавӣ гирд омада, даст ба даст гиранд ва дар ободию пешравии Тоҷикистон саҳм гузоранд».
Аъзои Ҳаракат дар вохўриву мулоқотҳо бо аҳолӣ паҳлуҳои гуногуни сиёсати давлат ва дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоии давраи соҳибистиқлолии мамлакатро таблиғу ташвиқ намуда, ба масъалаҳои таҳкиму арҷ гузоштани сулҳу субот, якпорчагии мамлакат, устуворию суботи ҷомеа, ҳамбастагии байни халқҳо ва қавмҳову миллатҳо, тарбияи ахлоқии сокинони ҷумҳурӣ, хосатан ҷавонон аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд.
Ҳамин тариқ, ваҳдати миллӣ омили муҳимми инкишофёбии ҳаматарафа ва кафили устувору мўътадили ҷомеа мебошад.
Маҳз ваҳдату ҳамгироии мардуми тоҷик ва талошу заҳматҳои инсонҳои ростбин, гўшҳои ҳақшунав, ақлҳои бедору хиради дурбин, забонҳои ҳақгўю табъи сухансанҷ, ҳазорҳо дасту бозуи қавии аъзои Ҳаракат буд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию ягона эътироф намояд ва мамлакат ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ пазируфта шавад.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусу иқдомҳои Тоҷикистонро мепазирад ва ба ҳарфу садои тоҷикон гўш медиҳад.
Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ҷанбаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, пешрафтҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, рушди соҳаҳои илму маориф, тандурус¬тиву кишоварзӣ, таъмин намудани истиқлолияти энергетикии кишвар, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, сохтмони иншооти азим, таҷдиду сохтмони ҳазорҳо километр роҳҳо ва нақбҳо, ки баҳри ба ҳам пайвастани минтақаҳои мамлакат ва бунёди Тоҷикистони воҳид нақши бузург доранд, саҳми муносиби худро гузошта, ғояҳоеро, ки халқи тоҷик¬ро пайи кору пайкор, ваҳдату сулҳу созандагӣ ҳидоят мекунанд, таблиғу ташвиқ дорад.
Имрўз се мафҳуми ҷудоинопазири ҳаёти сиёсии Тоҷикистон: сулҳ, ваҳдат ва истиқлолият ба қувваи бузурги созандае табдил ёфтааст ва ҳамчун арзишҳои ҳаётан мухим метавонанд ояндаи миллату давлати тоҷиконро, фардои Тоҷикистони соҳибистиқлолро рўшан ва раванди рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии онро мустаҳкам кунанд, қувват бахшанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хирадмандию солорӣ мактаби бузурги сулҳофарӣ ва ваҳдатсозиро бино гузоштанд. Ҳамакнун мову шумо, ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат бархурдор аз таъкидҳои ҳамешагии Сарвари давлат, Раиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бояд ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва истиқлолияту соҳибихтиёрии худро дар ниҳоди ваҳдати миллӣ чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Саид Нуриддин Саид
Раиси Кумитаи телевизион ва радиои
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон