“Фараж”: Дар чор моҳ 125 корхонаву коргоҳи саноатӣ бунёд шудааст (Шарҳи матбуот)

25-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ, кушодашавии хатсайри қатораи мусофирбар миёни Душанбе ва Тошканд баъди сӣ сол, рушди иқтисоди кишвар дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ дар фазои маҷозӣ аз мавзӯъҳои меҳварии аксари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораҳои рӯзи 21 июн мақолае бо номи “Ваҳдати миллӣ пойдевори давлати миллист” чоп карда менависад, ки давлати тоҷикон дар давоми се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ муносибатҳои худро бештар аз рӯи принсипи ҳамгироиву таҳаммулгароӣ бо ҳамсояҳои дуру наздик нигоҳ дошта, бо эътирофу эҳтирому эътимоди дигарон аркони давлатдории миллиро устувортар мегардонад.

Муаллифи матлаб академик Муҳаммадюсуф Имомзода таъкид мекунад, ки имрӯз халқи тоҷик дарк намудааст, ки дар шароити тезутунди ҷаҳонишавӣ, ихтилофҳои геополитикӣ дар роҳи таҳкими пояндагӣ ва рушди давлати миллӣ ба ҷуз аз сулҳу ваҳдатсозӣ ва ватандӯстӣ идеологияи дигаре вуҷуд дошта наметавонад. Ин идеологияро мо дорем ва ватандӯстиву сулҳу сафову ваҳдати ҳар фард, ҷомеа ва давлат, пойдории давлати миллии кишвари мост.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар матлаби дигаре аз қавли Ашурбой Солеҳзода, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо навиштааст, ки устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ сарфи назар аз таъсири омилҳои беруна таъмин гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 20 миллиарду 290 миллион сомонӣ ва афзоиши воқеии он 7,5 дарсадро ташкил дод. Ба навиштаи ин манбаъ, афзоиши ММД, асосан, аз ҳисоби ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, гардиши савдои дохилӣ, хидматрасонии пулакӣ, боркашонӣ ва мусофиркашонӣ таъмин гардидааст.

Ҳамзамон дар ин матлаб таъкид мешавад, ки бо ҳадафи ба эътидол овардани вазъи бозори дохилии асъор ва паст кардани фишор ба қурби пули миллӣ дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ низоми бонкии кишвар зиёда аз 856,1 миллион долларро ба фурӯш бароварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 дарсад зиёд мебошад.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 23 июн хабар додааст, ки дар ҷаласаи ахири Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонун «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» баррасӣ ва тасвиб шуд. Музаффар Ашуриён, вазири адлияи кишвар зимни муаррифии ин лоиҳаи қонун дар парлумон гуфтааст, ки тибқи лоиҳаи қонун ҳар шахс ё гурӯҳи шахсоне, ки мавриди табъиз қарор гирифтаанд, ҳуқуқ доранд ба мақомоти судӣ ва мақомоти дигари давлатӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳояшон муроҷиат намоянд, инчунин ба ҷуброни муносиб, одилона ва қонеъкунанда барои ҳар гуна зараре, ки дар натиҷаи табъиз расонида шудааст, ҳақ доранд.

Инчунин тибқи лоиҳаи қонун давлат ҳифзи ҳуқуқи баробар ва самаранок аз табъизро кафолат медиҳад ва барои пешбурди сиёсат ва барномаҳое, ки ба таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шакли табъиз равона шудаанд, чораҳо меандешад.

Нашрияи “Садои мардум” дар мақолаи дигаре бо номи “Сиёсинамоии журналистика ва таъмини амнияти иттилоотӣ” навиштааст, ки матолиби баъзе аз расонаҳо, хоса воситаҳои ахбори омма ва гурӯҳҳои фейсбукию ютубие, ки ҳангомасозӣ дар онҳо меҳвар аст, ба майдони мубоҳиса табдил ёфта, мутаассифона, дар ин раванд аксар маврид назокату одоби баҳс сарфи назар шуда, моҳияти сиёсӣ касб менамоянд.

Муаллифи матлаб рӯноманигор Далери Абдулло ба ин назар аст, ки манфиатҳои миллӣ ва суботу оромии ҷомеа тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бошанд, балки дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти давлат ва ҷомеа хидмат кунанд.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 22 июн мақолае бо номи “Расидан ба сулҳ осон набуд” чоп карда, аз қавли профессор Абдунабӣ Сатторзода навиштааст, ки натиҷаи боло гирифтани дарки ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар ҷомеаи тоҷик буд, ки мо ба шарофати он ба дарёфти оштии миллӣ ва сулҳу салоҳ, таъсиси ниҳодҳои демократӣ ва шаҳрвандӣ рӯ овардем.

Дар баробари ин сарҳанги мустаъфӣ Хайрулло Ҳайдаров, узви собиқи Комиссияи оштии миллӣ гуфтааст, ки сулҳи тоҷикон дар миқёси ҷаҳонӣ рӯйдоди беназир ва намунаи ҳалли низоҳои миллӣ эътироф шудааст. Ба хулосаи ҳамсуҳбатони нашрия, барои он ки аз таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон сабақҳои даркорӣ гирифта шавад ва иштибоҳоти солҳои навадум такрор нагардад, бояд онро омӯхт ва дар мактабу донишгоҳҳо омӯзонид.

Нашрияи “Тоҷикистон” дар саҳифаи дигаре мусоҳиба бо академик Мирганд Шаҳбозовро чоп карда, дар робита ба кору рӯзгори ин донишманди шинохтаи улуми риёзӣ, ки ба синни 70 расидааст, қисса кардааст. Ба эътиқоди Академик Шаҳбозов дар низоми таҳсилот бояд аз системаи кредитӣ даст кашид, зеро аллакай Русия, Белорус ва Қазоқистон аз ин низом рӯ тофтаанд. Номбурда таъкид кардааст, ки шахсан ҷонибдори низоми таълимии анъанавӣ аст, зеро вақте ки бо донишҷӯ рӯ ба рӯ ҳарф мезанед, дарк мекунед, ки дар ботинаш чӣ дорад.

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 23 июн гузориши муфассале аз рафту баргашти нахустин қатори мусофирбар дар масири Душанбе – Тошканд – Душанбе нашр кардааст. Муаллиф таъкид кардааст, ки роҳ то Тошканд 19 соатро дар бар гирифта, хати сайри аввалин қатори мусофирбар “Корвони дӯстӣ” унвон шуда буд. Муаллиф ёдовар мешавад, ки тавофуқ дар мавриди азсаргирии ҳаракати қаторҳои мусофирбар миёни Душанбе ва Тошканд зимни сафари ахири Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон ба даст омад.

Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 23 июн мақолае бо номи “Аз ҳадафи чоруми миллӣ чаҳор сол сипарӣ гашт: чӣ корҳо ба сомон расонида шуд?” нашр кардааст. Меҳрон Асроров, корманди масъули Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар суҳбат бо муаллифи матлаб гуфтааст, ки танҳо дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ дар кишвар 125 корхонаи хурду бузурги саноатӣ бо 3416 ҷойи корӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Ба гуфтаи Меҳрон Асроров, дар соли 2022 бунёди 373 корхона ва коргоҳи саноатӣ бо наздики 4 ҳазор ҷойи корӣ пешбинӣ шуда, дар маҷмӯъ то соли 2026-ум бояд 1500 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ сохта ба истифода бода шавад.

Нашрия “Фараж” дар матлаби дигаре ин масъаларо матраҳ кардааст, ки оё шабакаҳои иҷтимоӣ пурра ҷойи матбуотро мегирад? Саъдӣ Маҳдӣ, раҳбари Академияи ВАО дар ин замина гуфтааст, ки шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ оянда надоранд, зеро фаъолияти онҳо танҳо дар фазои маҷозӣ аст. Яъне бо пеш омадани як мушкили фаннии ҷиддӣ ин ҳама манбаи иттилоот дастнорас мешавад. Аз сӯи дигар, Хушдил Раҳимҷонов, сармуҳаррири маҷаллаи “Илм ва ҳаёт” ба ин назар аст, ки то ҷое матбуот дар суръати расонидани иттилоот ақиб мондааст, вале дар он хусусияти таҳлилии мавзӯъҳо ҷой дорад.

Дар баробари ин Носирҷон Маъмурзода, сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” пешниҳод кардааст, ки бо назардошти вазъи феълӣ ноширону муассисони нашрияҳоро зарур аст, аз имконияти пойгоҳҳои интернетӣ барои ҷалби бештари хонандагон истифода баранд.

Давлатов О.

радиои “Тоҷикистон”