Ба мухлисӣ биёед! Имрӯз “КМВА” (Душанбе) бозии аввалинашро дар Ҷоми КФО-2022 баргузор мекунад

Диққат, диққат, диққат! Фурсат фаро расид.

Имрӯз 24-уми июн марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 дар минтақаи марказӣ дар гуруҳи “Е” оғоз мешавад.

Барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон “КМВА”-и Душанбе бозии аввалинашро дар Ҷоми КФО-2022 бо қаҳрамони Туркманистон дастаи “Алтин Асир” доир мекунад. Рақобат байни дастаҳо соати 22:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Ногуфта намонад, ки мухлисро дар футбол нафари 12-ум медонанд. Пас аз ҳамаи мухлисони футболи тоҷик эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки барои дастгирии дастаи “КМВА”-и Душанбе дар бозӣ муқобили “Алтин Асир” ташриф оварда, тими меҳанро дастгирӣ намоянд.

Ҷоми КФО-2022
Гурӯҳи “Е”
Даври 1-ум
Рӯзи 24-июн (ҷумъа)
Соати 22:00
“Алтин Асир” (Туркманистон) – “КМВА” (Тоҷикистон).