Корҳои навсозӣ дар роҳи автомобилгарди Душанбе – Қалъаихумб оғоз шуд

Корҳои таъмиру навсозӣ дар роҳи автомобилгарди Душанбе – Қалъаихумб рӯзи 23 июн оғоз гардид. Гуфта мешавад, корҳои сохтмониро ширкати чиноии “China Road and Bridge Corporation” анҷом медиҳад.

Тавре Вазорати нақлиёти кишвар хабар медиҳад, лоиҳаи сохтмони ин роҳ дарозии 93 км бо 2 хати ҳаракат, 2 нақб (3,4 км ва 1,8 км) ва дигар иншооти муҳандисиро дарбар мегирад.

Манбаъ мегӯяд, сохтмон дар лоиҳаи мазкур аз мавзее, ки дар он нақби сеюм сохта мешавад, шурӯъ гардид. Дар ин ҷо урудгоҳ барои сохтмончиён ва ҷойгиркунии технкаву таҷҳизоти сохтмонӣ сохта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18 июн зимни машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара ба масъалаи воқеаҳои охири Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон дахл карданд. Дар робита ба ин дар қатори раҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ба вазири нақлиёт Азим Иброҳим низ супориш доданд, ки ҳарчӣ зудтар аз ҳисоби буҷети давлат роҳу пулҳои харобшуда, аз ҷумла пули болои дарёи Ғунд дар Хоруғро барқарор намуда, сохтмону таҷдиди қитъаи роҳҳои автомобилгрди Калъаихумб-Ванҷ ва Рӯшон-Хоруғи шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кулма ва долонҳои зиддитарма дар маҳаллаи Барсеми ноҳияи Шуғнонро таҳким бахшад.