Ёде аз Мӯъмин Қаноат дар Маркази мероси хаттии АМИТ

Дар Маркази Мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) бахшида ба 90 солагии Шоири халқии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Мӯъмин Қаноат – сарояндаи ҳамосаи Ватан” ва рӯнамоии маҷмӯаи “Суханро қудрати ҷонофарин бахшид” ҷараён дорад.

Тавре хабарнигорамон Парвин Самандарзода иттилоъ медиҳад дар конференсияи мазкур роҳбарияти АМИТ, олимону профессорон, шоирону нависандагон ва намояндагони ВАО ширкат доранд. Конфронс бо сухани ифтитоҳии Саркотиби илмии АМИТ Қосимшо Искандаров, оғоз гардида, директори маркази мероси хатии АМИТ Раҳматкарим Давлатов роҷеъ ба мақоми Мӯъмин Қаноат дар ҳифзу ҷамъоварӣ ва нигаҳдории мероси хаттии ниёкон гузориши муфассал дод.

Дар идомаи конфронс инчунин 4 гузориши дигар аз ҷониби олимону профессорон дар мавзӯъҳои мухталиф ироа гардад.

Ҳамзамон дар конференсия музокирот, хотироти дӯстону хешовандони Мӯъмин Қаноат ва дар анҷом қироати шеър сурат мегирад.