Айни замон дар муҷтамаи «Манеж»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2022» ба кори худ оғоз намуд.
Тавре ба ҳамкорамон Машраби Холмаҳмад масъулини Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, намоишгоҳ аз ҷониби Палатаи мазкур ва бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, то 26 июн идома меёбад.
Бино ба иттилои манбаъ дар Намоишгоҳ молу маҳсулоти зиёда аз 70 ширкату корхонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба намоиш гузошта шудааст.
Мақсад аз баргузории намоишгоҳ муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ, ворид намудани технологияи нав, ҷалби сармоя ва таъсиси корхонаҳои муштарак мебошад.
Хамчунин дар ин чо ба мо хабар доданд,ки дар доираи баргузории Намоишгоҳ инчунин ярмарка-фурӯши маҳсулоти босифати ғизоӣ ва саноатӣ барои меҳмонон ва сокинон бо нархҳои дастрас ташкил карда мешавад.