Аввалин ҳаракати қатораи мусофирбар дар масири «Душанбе — Тошканд — Душанбе» имрӯз, соати 19:00 ба кори худ оғоз бахшид.
Он аз шаҳрҳои Ӯзбекистон – Қаршӣ, Самарқанд, Ҷиззах ва Гулистон ва шаҳру навоҳии вилояти Суғди Тоҷикистон мегузарад.
Масофа аз Душанбе то Тошканд 916 километр буда, вақти сафар 21 соатро дар бар мегирад.
Масъулини Роҳи оҳани Тоҷикистон ба хабарнигори радиои “Тоҷикистон” иттилоъ доданд, ки ҳаракати қатораи мусофирбар аз Душанбе ба Тошканд ҳафтае як маротиба анҷом шуда, ҳар ҳафта рӯзҳои Душанбе аз шаҳри Душанбе равона мешавад. Қатора рӯзи сешанбе соати 13:43 ба Тошканд мерасад.
Ёдовар мешавем, ки ҳаракати қатораи мусофирбар дар масири «Душанбе — Тошканд — Душанбе» баъди чанд муддати таваққуф, боз аз нав барқарор гардид. Эҳёи иртибот аз тариқи роҳи оҳан миёни кишварҳо пас аз дидори раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, рӯзи 2 июни соли 2022 дар Тошканд эълон шуд.