Дар Боғи Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе 23 июн Фестивали олимпӣ ба ифтихори Рӯзи байналмилалии олимпӣ баргузор мешавад.
Ба гузориши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин рӯз дар тамоми шаҳру навоҳӣ мусобиқаҳои варзишӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Ин ниҳод зикр намудаст, ки аз нимаи асри гузашта то ҳол ҳар сол 23 июн Рӯзи байналмилалии олимпӣ таҷлил мегардад. Таҷлили ин сана ба он далел аст, ки 23 июни соли 1894 дар шаҳри Париж Конгресси байналмилалӣ оид ба проблемаҳои тарбияи ҷисмонӣ бо иштироки намояндагони 12 давлат баргузор шуд ва Кумитаи байналмилалии олимпӣ таъсис ёфт.
Ҳадаф аз таҷлили ин рӯз тарғиби варзиш дар тамоми ҷаҳон ва ҷалби одамон, новобаста аз синну сол, ҷинс ва имконияти онҳо ба варзиш арзёбӣ шуд.
Тоҷикистон аз соли 1996 дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад ва варзишгарони ҷумҳурӣ то ҳол 4 медали олимпӣ – 1 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷиро ба даст овардаанд.
Медали тиллоро барои Тоҷикистон гурзандоз Дилшод Назаров соли 2016 дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейрои Бразил ба даст овард. Медали нуқраро Юсуф Абдусаломов соли 2008 дар Бозиҳои олимпии Пекин дар намуди куштии тарзи озод ва ду медали биринҷиро ҷудокор Расул Боқиев соҳиб шуд.
Медали дигари биринҷиро Мавзуна Чориева соли 2012 дар Бозиҳои олимпии Лондон дар намуди бокс ба даст оварданд.