Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Подшоҳии Арабистони Саудӣ дидору гуфтугӯ намуд

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдонро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар доданд.

Манбаъ гуфт, дар ҷараёни  вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, инчунин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, дурнамои густариши равобит байни кишварҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак мубодилаи афкор намуданд.