Дар шаҳри Будапешти Маҷористон 19-умин Чемпионати ҷаҳон дар риштаи варзишҳои обӣ баргузор мегардад, ки аз 18 июн то 3 июли соли равон идома мекунад.
Варзишгарон барои 74 маҷмӯи медалҳо дар панҷ равия – шиноварӣ, шиноварӣ дар оби кушод, ҷаҳиш ба об, шиноварии синхронӣ ва тӯббозӣ дар об миёни ҳам қувваозмоӣ менамоянд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ду варзишгар – Екатерина Бордачева ва Фахриддин Мадкамов бо роҳбарии сармураббӣ Екатерина Измайлова намояндагӣ мекунанд, хабар доданд аз Федератсияи шиноварии кишвар.
Қобили зикр аст, ки мусобиқаи мазкур соли 2021 дар Фукуокаи Ҷопон гузаронида мешуд, аамо ба далели мавқуфгузории Бозиҳои олимпии Токио ба соли 2021 баргузории он дар соли 2022 вогузошта шуд.
Будапешт бори дуюм аст, ки чемпионати ҷаҳон оид ба варзишҳои обиро мизбонӣ мекунад. Чорабинӣ 5 сол пеш, соли 2017 дар пойтахти Маҷористон доир шуда буд.