Иштироки 400 меҳмон дар Ярмаркаи байналмилалии савдо – “Суғд-2022”

Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд имрӯз ва фардо – 17 ва 18 июн Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2022» баргузор мегардад.

Дар ярмаркаи савдо ва форуми тиҷоратӣ илова бар соҳибкорони вилояти Суғд  наздики  400 нафар намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, соҳибкорону тоҷирон аз вилоятҳои Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе, намояндагии тиҷоратии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, соҳибкорону тоҷирон ва ширкатҳои сайёҳӣ аз минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия, Чин, Туркия, Эрон, Арабистони Саудӣ, вилоятҳои Тошканд, Фарғона, Самарқанд, Ҷиззах, Намангон, Хоразм, Сирдарёи Ҷумҳурии Узбекистон, вилоятҳои Минску Могилёви Ҷумҳурии Белорус, Қазоқистон Барои иштирок мекунанд, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти раиси Суғд.

Ҳадаф аз баргузории Ярмаркаи савдо таҳкими муносибатҳои дарозмуддати тиҷоратӣ ва шарикии доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон бо ширкатҳои тиҷоратӣ, сармоягузорон ва доираҳои тиҷоратии кишварҳои хориҷӣ тавассути фароҳам овардани замина барои намоиши иқтидори маҳсулот, ҳамкорӣ, имконият ва таҷрибаи пешқадами мамлакатҳои хориҷӣ, инчунин  бастани шартномаҳо барои содироти маҳсулот мебошад.

Дар доираи ин ярмаркаи сатҳи минтақавӣ ҳамзамон гузаронидани Форум таҳти унвони «Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо» ба нақша гирифта шудааст, ки дар он  ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсулоти гуногуни худро муаррифӣ намуда, барои дарёфти бозори нав бо шарикони рушд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.