“Тоҷикистон”: Дар пойтахт ҳавзҳои шиноварии бепул барои сокинон вуҷуд надорад

Сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон, роҳ ёфтани тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё, манъи воридот, истеҳсол ва фурӯши лампаҳои каммасрафи симобдор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвияти ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва мушкилоти соҳаи кишоварзӣ аз мавзӯъҳои меҳварии аксари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораҳои рӯзи 16 июн матлабе бо номи “Футбол. Тими миллӣ саҳифаи навро дар таърихи Тоҷикистон рақам зад” чоп карда навишт, ки бори аввал дар таърихи кишвари соҳибистиқлоламон тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфт, ки барои сокинони мамлакат туҳфаи арзишманде маҳсуб меёбад. Ба навиштаи муаллиф, дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки мардуми шарифи Тоҷикистон имсол 25-умин солгарди онро бо шаҳомати хоса таҷлил хоҳанд кард, ин рйдод дар таърихи варзиши кишвар саҳифаи наверо боз кард. Ёдовар мешавем, ки қисми ниҳоии Ҷоми Осиё – 2023 бо ширкати 24 даста аз 16 июн то 16 июли соли 2023 ба нақша гирифта шудааст. Макони баргузории 18-умин Ҷоми Осиё дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё 17 октябр муқаррар мешавад.

Дар Ҷоми Осиё – 2023 тимҳои мунтахаби Австралия, Ҷопон, Эрон, Корея, Лубнон, Фаластин, Уммон, Чин, Қатар, АМА, Арабистони Саудӣ, Ветнам, Урдун, Сурия, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Баҳрайн, Тайланд, Малайзия, Тоҷикистон, Қирғизистон, Ҳонг-Конг ва Индонезия ширкат хоҳанд кард.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 14 июн мақолае бо номи «Обёрии замин. Мушкили пойгоҳҳои обкашӣ масъалаи доғ боқӣ мемонад, чаро?!» чоп карда, дар он муаллиф доир ба мушкилоти норасоии оби  полезӣ дар хоҷагиҳои дур аз пойгоҳҳои обкаширо  дар ноҳия Зафаробод  баррасӣ намудааст. Дар ин мақола таъкид мешавад, ки дар аксарияти минтақаҳои ҷумҳурӣ ба мисли ноҳияи Зафаробод  норасоии оби полезӣ  ба мушоҳида расида, ин ҳолат боиси кам гардидан ё талафоти ҳосили зироат мегардад.

Мансур Ибодулло, сардори Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Зафаробод дар ин замина гуфтааст: «Мушкили норасоии оби полезӣ бештар дар хоҷагиҳои дур аз пойгоҳҳои обкашӣ ба назар мерасад. Новобаста ба ин, идораи беҳдошти замин ва обёрӣ якҷо бо кишоварзони ноҳия кӯшиш менамонд, ки насосҳои аз замони шӯравӣ  боқимондаи фарсудаю корношоямро пайваста таъмир карда, обёрӣ анҷом диҳанд. Барои шодоб гардондани заминҳо об аз Сирдарё ба баландии то 360 метр бароварда мешавад, ки бисёр заҳматталаб аст. Бар замми ин, барои таъмини охирин хоҷагии деҳқонӣ бо оби полезӣ масофаи 70 километр роҳ мавҷуд буда, мушкилӣ эҷод мекунад, аз ин рӯ, насби силсилапойгоҳҳои пуриқтидор тақозо мешавад».

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 16 июн мақолае бо номи «Чаро барнома 100 дарсад татбиқ нашуд?» гузорише аз муҳокимаи парлумонӣ ба нашр кардааст, ки дар он  вазъи  иҷрои «Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Ғиёсиддин Шарифзода, узви Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагон дар ин ҷаласа гуфтааст, ки таъмини иҷрои нақшаи барнома барои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2021 ва семоҳаи аввали соли 2022 нигаронкунанда аст. Мувофиқи маълумоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нақшаи барнома соли 2021 вобаста ба харидории кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ 20 дарсад иҷро гардидааст.

Дар ин муҳокимаи парлумонӣ таъкид шуд, ҷамъбасти барнома нишон додааст, ки дар ҷумҳурӣ аз 2139 кабинети банақшагирифташуда 1077-то бо таҷҳизоти озмоишӣ ва аёнияти таълимӣ ҷиҳозонида шуд, ки 50,4 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.

Нашрияи “Садои мардум” дар мақолаи дигаре бо номи “Кӯлоб. Кӯдакистони фаромӯшшуда кай таъмир мешавад?” навиштааст, ки ин кӯдакистон дар деҳаи Офтоблиқои деҳоти «Зиракӣ» ҷойгир буда, соли 1989 сохта шудааст ва масоҳаташ як гектар заминро ташкил медиҳад. Он аз ду ошёна иборат буда, дорои 12 ҳуҷра ва биноҳои ёрирасон аст. Кӯдакистон аз хунукназарии масъулон ба харобазор мубаддал гаштааст.

Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб Қадамшоҳ Ҳакимов гуфтааст, ки бинои кӯдакистонро мебоист ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ роҳбари хоҷагии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таъмиру навсозӣ мекард, аммо  мутаассифона, бинобар надоштани маблағ таъмири он ба соли 2022 мавқуф гузошта шуд.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 15 июн дар сармақолаи худ масъалаи манъи воридоти лампаҳои каммасрафи симобдор ба Тоҷикистонро баррасӣ кардааст. Муаллиф ёдовар шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2009 ба истифода лампаҳои каммасраф гузашт. Дар баробари ин соли 2011 қарор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ҷамъоварӣ ва безарарсозии лампаҳои каммасрафи симобдор, ки аз истифода соқит шудаанд, тасвиб шуд. Аммо масъалаи мазкур то охир ҳалли худро пайдо накард ва мардум лампаҳои симобдорро ба қуттиҳои партовҳои маишӣ мепартофтанд.

Гуфта мешавад, яке аз мақсадҳои асосии манъи воридоти лампаҳои каммасрафи симобдор ин пешгирӣ аз зарари симоб ба муҳити атроф ба аҳолии кишвар унвон шудааст.

Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре масъалаи дастрас будани ҳавзҳои шиноварӣ барои мардум дар шаҳри Душанберо баррасӣ карда навиштааст, ки айни замон дар пойтахт 10 ҳавзи шиноварӣ амал мекунад. Аммо, ба гуфтаи муаллиф, хидматрасонии тамоми ҳавзҳои шиноварӣ пулакӣ аст. Ба унвони мисол, ба гуфтаи муаллиф, дар аквапарки “Делфин” барои 4 соат аз кӯдакон 40 сомонӣ ва калонсолон 85 сомонӣ гирифта мешавад. Душанбе яке аз шаҳрҳои пешрафтаи ҷаҳон ва симои Тоҷикистон аст, бинобар ин масъулинро зарур аст сари ин масъала андеша кунанд.

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 16 июн масъалаи таъсири содирот ба нархи меваву сабзавот дар бозори дохилиро баррасӣ кардааст. Ба навиштаи муаллиф, Тоҷикистон дар соли 2021-ум 208 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар ба маблағи 36 млн доллар содирот кардааст. Ба навиштаи муаллиф, Тоҷикистон асосан пиёз, хушкмева, ангур ва меваҳои тару тоза мисли зардолу, шафтолу, себ ва гелос ба кишварҳои хориҷӣ содирот мекунад. Ҳамзамон бархе кишоварзон дар суҳбат бо нашрия таъкид кардаанд, ки нархи болои мева ва сабзавот мисли пиёз, сабзӣ ва картошка дар бозорҳои Тоҷикистон ба содироти ин маҳсулот рабте надорад. Ба гуфтаи деҳқонон, афзоиши нархи маҳсулоти кишоварзӣ асосан ба боло рафтани арзиши нуриҳои минералӣ, заҳрхимикатҳо, сӯзишворӣ ва хидматрасонии техникаи кишоварзӣ вобаста аст.

Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 16 июн дар мақолае навиштааст, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сохтмони як мактаб ва як кӯдакистон 33 сол боз “ях бастааст”.  Гуфта мешавад, ки сохтмонҳои нотамом дар маркази ноҳия ҷойгир буда, кӯдакистони сеошёна барои 200 кӯдак ва бинои мактаб барои 350 хонанда пешбинӣ шуда буд.

Дар ҳамин ҳол Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон ба нашрия иттилоъ додаанд, ки дар мувозинати онҳо 12 адад иншооти нотамоми соҳаи маориф мавҷуд аст, ки то ҳол сохтмон ва лоиҳакашиашон ба итмом нарасидааст.  Аз сӯи дигар, ба қавли раёсати молияи вилояти Хатлон дар соли 2022 аз ҳисоби буҷаи вилоят барои иншооти сохташавандаи соҳаи маориф ҷудо кардани 11 миллиону 322 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Давлатов О.

радиои “Тоҷикистон