Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода бо ҳайати Донишгоҳи илмии тиббии шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон ба таври маҷозӣ мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, вохӯрии мазкур дар доираи гуфтушунидҳои қаблии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ баргузор гардидааст.
Гуфта мешавад, дар мулоқот масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ, мубодилаи таҷрибаи мутахассисон, баргузор намудани давраҳои бозомӯзии кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати мутахассисони тоҷик дар Эрон, ташкил намудани давраҳои бозомӯзӣ аз ҷониби мутахассисони варзидаи тиббии эронӣ барои мутахассисони тоҷик дар дохили кишвар ва дар маҷмӯъ ҳамкории муассисаҳои тиббии илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ғафур Муҳсинзода сараввал аз номи роҳбарияти вазорат барои ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ду кишвари бо ҳам дӯсту ҳамзабон изҳори миннатдорӣ намуда, вохӯрии имрӯзаро фурсати муносибе барои машварат ва гуфтугӯ ҷиҳати рушду равнақ додани ҳамкории давлатҳо дар раванди беҳдоштӣ, дармонӣ ва омӯзишӣ пизишкӣ арзёбӣ намуд.
Бояд қайд намуд, ки дар вохӯрӣ роҳбарони марказҳои илмию татқиқотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, самтҳои ҳамкориҳои афзалиятноки тиббиро пешниҳод намуданд.
Дар охир ҷонибҳо фикру дархостҳои худро вобаста ба самтҳои ҳамкорӣ, махсусан дар самти мубодилаи таҷрибаи мутахассисон дар соҳаҳои мухталифи тиббӣ иброз доштанд.
Қобили зикр аст, ки Донишгоҳи илмии тиббии шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз донишгоҳҳои калон ва бонуфуз дар Шарқи наздик мебошад.