Суди ҳарбӣ дар Хуҷанд як сарбози нерӯҳои марзбониро бо гуноҳи “қасдан ба қатл расондани ҳамхидматаш” ба 10 сол ва сардори дидбонгоҳи “Нуробод” дар ноҳияи Деваштичро ба 1 сол зиндон маҳкум кардааст.
Тавре сомонаи расмии Прокуратура генералии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳодиса 16-уми январ дар дидбонгоҳи сарҳадӣ дар ноҳияи Деваштич рух дод. Ҳукмро моҳи майи имсол эълон кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, посбони дидбонгоҳ Муҳаммадҷон Исоев бо истифода аз силоҳи “Калашников 74” ҳамхидматаш Қурбонзода К.С-ро “аз масофаи наздик ба сараш як тир зада, ба ҳалокат расонд”.
Манбаъ афзуд, Исоев ин корро бе сабаб кард ва айни замон афсари марзбонӣ Фарҳод Довутиевро ба бепарвоӣ гунаҳкор намудааст.
Назари пайвандони сарбозу афсари маҳкумшуда ва ҳам сарбози кушташуда ба қазия ва ҳукм маълум нест.