Мунтахаби Тоҷикистон бозии сеюмашро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 бо мусовӣ ҷамбаст кард

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври ниҳоии мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “F” бозии сеюмашро бо тими миллии Қирғизистон мусовӣ (0:0) анҷом дода, дар гуруҳ мақоми аввалро касб кард.

Мунтахабҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 16-уми июн то 16-уми июли соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, роҳхат гирифтанд.

Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023

Гурӯҳи “F”. 

Даври 3-юм

Қирғизистон — Тоҷикистон   0:0  

Сорбон Амонуллозода