Оҷонсии зидди фасод як заминсози ноҳияи Кӯшониёнро бо гумони қаллобӣ боздошт намуд.
Манбаъ мегӯяд, Ф.Ҳ. дар вазифаи сармутахассис муҳандис-заминсози Ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён кор мекард.
Номбурда дар давоми фаъолияти корӣ бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ дар се ҳолат аз шаҳрвандон 100 ҳазор сомонӣ гирифта, ба онҳо ғайриқонунӣ қитъаҳои замин ҷудо карда додааст.
“Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ф.Ҳ. бо моддаҳои 247 қисми 4 банди “б” ва 3381 қисми 2 бандҳои “а,в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд”, – омадааст дар иттилоия.
Гуфта мешавад, парвандаи муттаҳам баъди ба анҷом расонидани тафтиши пешакӣ барои баррасӣ ба суд ирсол гардидааст.
Феълан назари муттаҳам ё вакили дифоаш маълум нест.
Боздошти ин заминсоз дар ҳолест, ки ин ниҳод ахиран аз боздошти як сокини 46-солаи шаҳри Турсунзода хабар дода буд.
Ӯ дар қаллобӣ ва гирифтани 120 ҳазор сомонӣ муттаҳам мешавад.