Имрӯз дар Муассисаи давлатии Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид. Дар ин давр аз чор ноҳияи шаҳри Душанбе 150 нафар иштирок намуда, донишҳои худро месанҷанд. Озмун аз рӯи як номинатсия ва шаш гурӯҳи синнусолӣ баргузор мешавад.
Иштирокчиёни даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» бо омодагии хуб ҳозир шуда, бо ҳамдигар оид ба осори азбаркардаашон суолу ҷавоб мекарданд. Мувофиқи барномаи баргузории даври сеюми озмун, имрӯз хонандагони синфҳои 1 то 4-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок карданд.
Тавре Аслиддин Ёров, муовини сардори Раёсати таъминоти методии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва масъули баргузории даври шаҳрии озмун, зимни суҳбат ба мо гуфт, тибқи қарори комиссияи ҷумҳуриявӣ, устодони соҳибтаҷриба ва мутахассисони дорои дараҷа ва унвони илмӣ аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон даври шаҳрии озмунро ҳакамӣ мекунанд.
Бояд гуфт, ки озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоири классики тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ, омӯзиши осори ӯ ва таърихи пурғановату пурифтихори миллати тоҷик баргузор мегардад.
Орифҷон Ҳикматзода, хонандаи синфи 4-уми МТМУ №53-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, иштирокчии озмун мебошад. Ӯ аввалин шуда, дар даври сеюми озмун баромад кард. Орифҷон якчанд байти асари безаволи «Шоҳнома»-ро бо тарҷума ба забонҳои русӣ ва англисӣ низ аз бар кардааст. Ӯ аз баромади имрӯзаи худ қаноатманд буда, умедвор аст, ки ба даври ниҳоии озмун роҳ меёбад.
Мавриди зикр аст, ки барои мукофотонидани ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст. Ҳамзамон, ғолибони даврҳои якум, дуюм ва сеюми озмун низ аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.
Зебонисо Ҳалимзода, хонандаи синфи 4-уми Гимназияи хусусӣ ба номи Абурайҳони Берунӣ, иштирокчии озмун мебошад. Ӯ тавассути иштирок дар озмун ба китобхонӣ завқи зиёд пайдо карда, ба ҳамсолонаш низ тавсия медиҳад, ки бештар китоб хонанд.
Бояд қайд намуд, ки ҳадафи асосии баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷалби ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон, ба мутолиаи амиқи «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати адабӣ ва таҳкими эҳсоси ифтихори миллӣ мебошад.
