ШОҲМОТБОЗОНИ ТОҶИК ДАР ДАВРИ ЧОРУМИ ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНИИ ШОҲМОТ ПИРӮЗ ШУДАНД

Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон даври чоруми Олимпиадаи 46-уми ҷаҳонии шоҳмотро, ки дар шаҳри Самарқанд идома дорад, бо пирӯзӣ ҷамъбаст карданд.

Тибқи иттилои Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, мунтахаби мардонаи кишвар бар дастаи Гватемала бо ҳисоби 3,5 бар 0,5 ва мунтахаби занона бар дастаи Босния ва Ҳерсеговина бо ҳисоби 2,5 бар 1,5 ғалаба карданд.

Дар даври панҷум дастаи мардонаи Тоҷикистон бо мунтахаби Словения ва дастаи занона бо мунтахаби Италия рақобат мекунанд.