АЗ 21 ТО 26 ОКТЯБР ДАР ДУШАНБЕ ҶАШНВОРАИ ҲАШТУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТЕАТРҲОИ ЛӮХТАК БАРГУЗОР МЕГАРДАД

Аз 21 то 26 октябр дар шаҳри Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад.

Дар ҷашнвора театрҳои лӯхтаки Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Русия, Беларус, Арманистон ва дигар давлатҳо иштирок карда, беҳтарин намоишномаҳои худро пешкаши тамошобинон менамоянд.

Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,ҷашнвора дар асоси банди 23-и «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, баргузор мегардад.

Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ду сол як маротиба баргузор шуда, ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи театри лӯхтак, эҳё ва рушди театри суннатии лӯхтаки тоҷик ва тарбияи эстетикии насли наврас мусоидат мекунад.