Бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ва дар ҳамдастӣ бо Вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Эрон рӯзи 9 июн Ҳамоиши сайёҳии Тоҷикистон ва Эрон доир гардид, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии кишвар.
Дар ҳамоиши мазкур дар баробари намояндагони Вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Эрон ва Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, роҳбарони ширкатҳои сайёҳии ҳарду кишвар, анҷуманҳо, намоишгоҳҳои сайёҳӣ ва воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
Ҳамоиш бо суханронии Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ оғоз ёфт, ки дар он вазъи кунунӣ ва дурнамои равобити Тоҷикистон ва Эрон дар партави сафари Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Теҳрон (29-30 майи соли 2022) мавриди арзёбӣ қарор гирифт. Дар ин росто зикр гардид, ки имзои санадҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун зимни боздиди мазкур заминаи мусоидро барои тақвияти ҳамкориҳо дар арсаҳои гуногун, аз ҷумла дар бахши сайёҳӣ миёни Тоҷикистону Эрон фароҳам овардааст.
Дар ҷараёни ҳамоиш роҳбарияти ширкатҳои сайёҳии “Ориент Тур”, “Расул Тур”, “Рафтем”, ва “Хидматрасонии сайёҳӣ”-и Тоҷикистон имкониятҳои сайёҳии кишварро муаррифӣ карданд. Дар ҳошияи ин чорабинӣ мусаввараҳо ва филмҳо дар бораи ҷозибаҳои сайёҳии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуда, дар фарҷоми он қарордодҳои ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистон ва Эрон ба имзо расид.