Дар Тоҷикистон ярмаркаи донишгоҳҳои пешсафи Русия – “Маорифи Русия. Тоҷикистон – 2022” баргузор мешавад.
Бино ба гузориши намояндагии “Россотрудничество”, ин чорабинӣ дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 10-11 июн дар Китобхонаи миллӣ ва дар Хуҷанд рӯзи 3-и июн дар Қасри ҷавонон доир мегардад.
Гуфта мешавад, аз ин ярмарка дар баробари довталабон волидон низ метавонанд боздид кунанд ва бо барномаҳову пешниҳодҳои нави донишгоҳҳои пешсафи Русия барои соли таҳсили 2022-2023 муфассал ошно шаванд.