Суди ноҳияи А.Ҷомӣ як масъули шуъбаи маорифи ин ноҳияро барои “дуздӣ”-и пули давлат ба пардохти 18 ҳазор сомонӣ ҷарима ҳукм намуд.
Тавре сомонаи расмии Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар медиҳад, номбурда сокини ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон буда, дар вазифаи мушовири кабинетии методӣ оид ба фанҳои забону адабиёти тоҷики шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур кор мекард.
Ҳамчунин намояндаи шуъбаи маориф оиди гузаронидани маъракаи обунашавӣ ба нашрияҳои даврӣ аз ҷониби шуъбаи маорифи ноҳия дар назди Департаменти почтаи давлатӣ маҳсуб меёфт.
Ба иттилои манбаъ, дар давраи фаъолияти кориаш номбурда бо истифодаи ваколатҳои мансабияш 37 ҳазору 241 сомониро аз худ намудааст.
Зимнан прокурори ноҳияи А.Ҷомӣ нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 245, қисми 2, банди “г” Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол кардааст.
Бо ҳукми суд корманди маорифи ин ноҳия гунаҳгор дониста шуда, нисбати ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба маблағи 18000 сомонӣ таъйин карда шуд.
Илова бар ин номбурда аз ишғоли мансаби муайян маҳрум карда шуд.