Форуми пешазконфронсии сатҳи баланди обу кӯҳ дар роҳи рушди устувор имрӯз дар меҳмонхонаи “Серена” ба кори худ оғоз бахшид. Дар он роҳбарон ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, созмонҳои ҳавзаи об, олимон ва дигар коршиносони соҳа аз дохил ва хориҷи кишвар иштироки васеъ доранд.
Дар доираи Форум густариши ҳамкориҳо ва шарикӣ дар ҳамаи сатҳҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои Рушди Устувор, афзоиши таваҷҷуҳ ба ҳадафҳои вобаста ба оби Рушди Устувор, таҳкими муносибатҳои мавҷуда ва ташаккули ҳамкориҳои нав ва дигар масъалаҳои муҳими ҷойдошта мавриди баррасӣ қарор доранд.
Коршиносон ҳадафҳои асосии Конфронсро баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум оид ба амалисозии саривақтӣ ва босамари Ҳадафҳои рушди устувор, баррасии қадамҳои минбаъдаи Нақшаи амали Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва кишварӣ арзёбӣ намуданд.